12:27 28 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
79 0 0

Ширкати худравсозии фаронсавии Renault ва Созмони густаришу навсозии саноеъи Эрон қарордоди ҳамкории дарозмуддат имзо карданд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Бино бар ин қарордод, ки имрӯз дар Теҳрон имзо шудааст, корхонаи ширкати муштараки тавлиди худравҳои "Renault" дар шаҳри Сова сохта хоҳад шуд.   

Қарор шуда, ки ширкати худравсозии "Renault" марокизи тавзеъ, фурӯш ва хадамоти пас аз фурӯш дар Эрон таъсис кунад. Ҳамчунин қарор аст як маркази муҳандисӣ ва харид барои ҳимоят аз қитъасозони эронӣ ва як корхонаи тавлидӣ бо зарфияти аввалияи тавлиди солона 150 ҳазор худрав дар Эрон сохта шавад.

Ин корхона се ҳазор корманд хоҳад дошт. Марҳалаи нахусти иҷроии қарордод бо "Renault" ба арзиши 660 милюн евро барои тавлиди 150 ҳазор дастгоҳ мошин аст, ки нахустин тавлидоти он авоили 2019 вориди бозори Эрон мешавад.

Гуфта мешавад, ки 60 дарсади саҳҳоми ин ширкати муштарак аз они ширкати "Renault" ва 40 дарсад аз они Эрон бошад ва 30 дарсад аз тавлидоти он бо масъуляти ширкати "Renault" бояд содир шавад.

Мавзуъ

Нахустин худравҳои сохти Қазоқистон ба Тоҷикистон фиристода шуданд
Дар Душанбе маркази фурӯши худравҳои сохти Узбакистон бунёд мешавад
Намоишгоҳи худрав-2017 дар Женева
Барчаспҳо:
Renault, худравсозӣ, Renault, Эрон-Фаронса

Мавзӯъҳои асосӣ