02:02 14 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.67
  • RUB0.15
ТАЛКО, акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон 34 дарсади колоҳои содиротиашро ба Қазоқистон содир мекунад

© Фото: Посольство России в Таджикистане
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
52 0 0

Тоҷикистон дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 34 дарсади колоҳои содиротиашро ба Қазоқистон содир кард

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонси омори Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон шарикони тиҷории Тоҷикистон Қазоқистон, Туркия, Афғонистон ва Тайван буданд.

Саҳми Қазоқистон дар ҳаҷми кулли содироти Тоҷикистон 33,6 дарсад ва саҳми Туркия 21 дарсад мебошад. Тоҷикистон ба ин кишварҳо умдатан алюминиуми аввалия ва нахи панба содир мекунад.

Тоҷикистон дар шаш моҳ аз содироти колоҳо ба Қазоқистон беш аз 154 милюн дулор дарёфт кардааст.
Дар зимн, кишвар дар ин муддат ба арзиши беш аз 236,6 милюн дулор колоҳои Қазоқистонро ворид кард. Тоҷикистон бо Туркия дар ним сол бо арзиши беш аз 145,3 милюн дулор гардиши молиро ба амал овард, ки аз ҷумла 96,5 милюн дулори ин маблағ саҳми содирот ва 48,7 милюн дулор саҳми воридоти колоҳои гуногун мебошад.

Дар гардиши молӣ дпр миёни Тоҷикистон ва Афғонистон содироти колоҳои ҶТ ба ин кишвар аз воридот 59,9 милюн дулор бештар аст.
 Бино бар иттилои манбаъ, шарики аслии тиҷории Тоҷикистон Русия мебошад. Ин ду кишвар дар моҳҳои январ-июн ба арзиши беш аз 440,4 милюн дулор гардиши молиро анҷом доданд.

Тоҷикистон ба Русия умдатан алюминиуми аввалия, нахи панба, сангҳои гаронбаҳо ва меваҳои хушк содир мекунад. 34,8 дарсади кулли колоҳои воридотии Тоҷикистон саҳми Русия, 19 дарсад саҳми Қазоқистон ва 18,3 дарсад саҳми Чин мебошад.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон бо арзиши кулли 458,5 милюн дулор коло содир кард ва ба арзиши 1,2 миллиард дулор коло ворид кард.

Барчаспҳо:
даромад, иқтисод, содирот, Осиё, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ