Гулистон мизбони коршиносони эминии санъатӣ аз кишварҳои ИДМ мешавад

© Sputnik / Птицын / Гузариш ба медиабонкДиректор Таджикского алюминиевого завода Салим Маккамбаев
Директор Таджикского алюминиевого завода Салим Маккамбаев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Понздаҳумин нишасти Шурои байнидавлатии коршиносони эминии санъатии кишварҳои ИДМ дар шаҳри Гулистон баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Коршиносони эминии санъатӣ аз кишварҳои ҳамсуд имрӯзу фардо дар шаҳри Гулистон масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ байни сохторҳои марбут ба эминии санъатиро баррасӣ мекунанд.

Бино ба иттилоъи равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, барои ширкат дар 15-умин нишасти Шурои байнидавлатии эминии санъатии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) коршиносон аз Тоҷикистон, Арманистон, Белорус, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон  ва Укроин гирд омадаанд.

Ин Шуро бо ҳадафи ҳалли масъалаҳои эминии санъатӣ ва таъмини амнияти ҳаёту саломатии кормандоне, ки дар созаҳои хатарнок кор мекунанд, ҳамчунин, ҳифзи аҳолӣ ва муҳити зист аз фоҷеъаҳои санъатӣ бо баҳрабардорӣ аз дастовардҳои илмию фаннӣ созмон ёфтааст.

Лентаи хабарҳо
0