23:29 08 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.14
  • RUB0.14
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
51 0 0

Утоқи бозаргониву саноеъи Тоҷикистон ва Кумитаи густариши тиҷорати байналмилалии устони Ҳайнон ба манзури афзоиши гардиши коло ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо карданд

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Тоҷикистон ва Чин қасд доранд гардиши коло миёни ду кишварро то соли 2020 ба 3 милёрд дулор бирасонанд.

Ба ин манзур Утоқи бозаргониву саноеъи Тоҷикистон ва Кумитаи густариши тиҷорати байналмилалии устони Ҳайнон ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо карданд.

Ин ёддоштро раиси УБС ҶТ Шариф Саид ва мудири Кумитаи густариши тиҷорати байналмилалии устони Ҳайнон Ли Ҷудзе дар фарҷоми ҳамоиши бозаргонҳои тоҷику чинӣ имзо карданд,  ки 21 август дар ҳотели "Шератон" баргузор шуд.

Чинро дар ин ҳамоиш 25 ширкати бузург аз устони Ҳайнон намояндагӣ карданд, ки дар заминаҳои кишоварзӣ, санъат, гардишгарӣ, хӯрокворӣ, тарабору хушкбор, сармоягузорӣ ва дигар риштаҳо фаъол ҳастанд.

Тоҷикистон ва Чин аз солҳо пеш дар заминаҳои нерӯи барқобӣ, илму фанноварӣ, кишоварзӣ, таробарӣ, муҳандисӣ, сохтусоз, истихроҷи кониҳо, саноеъи сабук ва коркард ҳамкорӣ мекунанд.

Мавзуъ

Тоҷикистон беш аз 2,3 милёрд дулор ба Чин ва дигар кишварҳову созмонҳо қарздор аст
Муовини сарвазир муносиботи иқтисодии Тоҷикистону Чинро баррасӣ кард
Чин сармоягузорӣ аслӣ дар иқтисоди Тоҷикистон аст
Барчаспҳо:
ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ, Кумитаи густариши тиҷорати байналмилалии устони Ҳайнон, Утоқи бозаргониву саноеъи Тоҷикистон, Шариф Саид, Тоҷикистон-Чин

Мавзӯъҳои асосӣ