Пешрафт: Тоҷикистон ба тавлиди мисвок ва хамираи дандоншӯӣ шурӯъ мекунад

CC BY 2.0 / Kurtis Garbutt / Bristles & BrushesЗубная щетка, архивное фото
Зубная щетка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар минтақаи озоди иқтисодии "Панҷ" барои сохти як милюн мисвок дар сол корхона бунёд мешавад

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Вазорати рушди иқтисод ва саноат иттилоъ медиҳад, ки Тоҷикистон дар назар дорад тавлиди мисвок ва хамири дандонро дар кишвар оғоз кунад.

Ба ин манзур қарор аст имсол дар минтақаи озоди иқтисодии "Панҷ" бо ҳазинаи 500 ҳазор дулор корхонаи тавлидӣ бунёд кунанд. Барои сохтмони ин корхона як ҳектор замин ҷудо шудааст.

Дар назар аст, ки мисвок ва хамири дандон на танҳо ба бозори Тоҷикистон арза шавад, балки ба бозори хориҷӣ, аз ҷумла кишварҳои Русия, Афғонистон, Покистон, Узбакистон ва Қазоқистон низ содир шавад.

Лентаи хабарҳо
0