Эмомалӣ Раҳмон ба тоҷирони Чин: аз дусаду чил сабукиҳои андозбандӣ дар ҶТ истифода баред

© Фото : Пресс-служба президента РТПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар чорчӯби сафари худ дар шаҳри Пекин Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши иқтисодӣ – сармоягузории Тоҷикистон ва Чин ширкат ва суханронӣ кард

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ вазири тиҷорати Чин Чун Жан ифтитоҳ намуда, ба Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сухан дод.

Раисҷумҳур зимни суханрониаш таъкид кард, ки  ҳукумати Тоҷикистон ба беҳдошти фазои кории соҳибкорон ва фароҳам сохтани шароити хубу мусоид барои сармоягузорони  хориҷӣ тадбирҳои ҳадафмандона андешида, рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармояро  самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст.

Эмомалӣ Раҳмон бо қанатмандӣ изҳор доштааст, ки тайи солҳои охир Тоҷикистон се маротиба ба рӯйхати  "Даҳ кишвари пешсафи ислоҳотгар" шомил гашта, мавқеи худро дар радабандии "Пешбурди бизнес" аз рӯи нишондиҳандаҳои бақайдгирии бизнес, андозбандӣ, гирифтани қарз ва тиҷорати байналмилалӣ беҳтар кардааст.

"Намояндагони  доираи  соҳибкорӣ  ва ширкатҳои Чин   низ имкон доранд, тақрибан аз  дусаду чил сабукиҳои андозбандӣ ва қариб ҳафтод навъи ҳавасмандгардониҳои сармоягузорӣ   дар Тоҷикистон самаранок истифода намоянд", — гуфт раисҷумҳур.

Тоҷикистон ба Чин роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, инфрасохторӣ ва нақлиётию иртиботӣ,  саноати  металлгудозӣ, мошинсозӣ, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок,аз ҷумла  маъданҳои  кӯҳӣ,  саноати  кимиёвӣ, сабук ва хурокворӣ, истеҳсоли маводи сохтмон, комплекси  агросаноатӣ ва туризм таклифу пешниҳод кард.

Президент республики Таджикистан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон устоди ифтихории Донишгоҳи Синхуаи Чин шуд

Чор минтақаи озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  имзои  Барномаи ҳамкории миёни Тоҷикистон ва Чин, ҳамчунин  тақвияти тадбирҳо дар роҳи бунёди минтақаи саноатии Тоҷикистону Чин аз имкониятҳои дигари тақвиятбахши муносибатҳои дуҷонибаи доираи тоҷирону соҳибкорони Тоҷикистон ва Чин  маъниндод гардид.

Манбаъ меафзояд, ки дар Ҳамоиши иқтисодӣ — сармоягузории Тоҷикистон ва Чин ҳамчунин доир ба имкониятҳои фарохи сармоягузорӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла, дар бахшҳои гидроэнергетика ва нафту газ, саноат, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсол ва коркарду содироти маҳсулоти кишоварзӣ, алюминий, бонкдорӣ ва системаи бонкӣ, сайёҳӣ ва ғайра раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлат Файзиддин Қаҳҳорзода муаррифиномаи муфассал пешкаш намуд.

Дар ҳамоиш Ноиби Президенти Бонки содироту воридот (Эксимбонк) Сун Пинг ва Директори минтақавии ширкати сохтмони роҳу пулҳои Чин Лю Ҷинбао ҳам суханронӣ кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0