ҶТ барои анҷоми сохтусози нерӯгоҳи Роғун ба арзиши 500 милюн дулор вомбарг фурӯхт

© Национальный банк РТПервый Зампред Нацбанка РТ Джамолиддин Нуралиев, архивное фото
Первый Зампред Нацбанка РТ Джамолиддин Нуралиев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон аз фурӯши бомуваффақияти коғазҳои баҳодори давлатӣ дар бозори ҷаҳонӣ хабар дод

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik.  Нахустин бахш аз коғазҳои баҳодори давлатии Тоҷикистон дар бозорҳои ҷаҳонии Амрико фурӯхта шуд, гузориш медиҳад дафтари равобити умумии БМТ.

Арзишии куллии ин коғазҳои баҳодор 500 милюн дулор буда, ки барои дарёфти сармоя барои анҷоми сохтусози нерӯгоҳи барқобии Роғун ба фурӯш гузошта шудаанд.

Бино ба гузориши Бонки миллӣ, 85 дарсад аз вомбаргҳои давлатии Тоҷикистонро бунёдҳои идорӣ, 9 дарсадро сандуқҳои пӯшиши риску сармоя (hedge fund) ва 6 дарсадро бонкҳо ва дигар созмонҳои молӣ харидаанд.

Бонки миллии ҶТ гуфта, ки 38 дарсад аз вомбаргҳои давлатии Тоҷикистонро сармоягузорони амрикоӣ, 24 дарсад сармоядорони бритониёӣ, 35 дарсадро сармоягузорони урупоӣ ва 3 дарсадро сармоягузорони осиёӣ харидаанд.

Баҳраи ин вомбаргҳо 7,125 дарсад дар як сол аст. Ҳарчанд дар оғоз Тоҷикистон ба харидорони вомбаргҳояш баҳраи 8-дарсадӣ ваъда дода буд, аммо ба далели афзоиши талабот ба вомбаргҳо, ки ба 4,5 милёрд дулор расид, баҳраи даромаднокии он то 7,125 дарсад коҳиш дода шуд.

Лентаи хабарҳо
0