19:19 13 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Президент России Владимир Путин (слева) и король Саудовской Аравии Сальман бен Абдельзир Аль Сауд. Архивное фото

Подшоҳи саудӣ хостори наздикии бозорҳои нафти Русияву Арабистон шуд

© Sputnik / Михаил Климентьев
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
132 0 0

Подшоҳи Арабистони Саудӣ дар дидор бо раисҷумҳури Русия хостори эҷоди субот дар бозори нафт шуд

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Салмон бин Абдулазиз Оли Сауд дар дидор бо Владимир Путин бар тамоюли Арабистон ба идомаи ҳамкорӣ бо Русия ба манзури дастёбӣ ба субот дар бозори нафт таъкид кард.

"Мо тамоюл ба идомаи ҳамкории мусбат миёни ду кишвар барои дастёбӣ ба субот дар бозори нафти ҷаҳон барои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ дорем", — гуфт подшоҳи Арабистони Саудӣ дар ин дидор.

Ин нахустин дидори подшоҳи Арабистони Саудӣ аз Русия дар солҳои ахир аст ва бисёре аз коршиносон онро торихӣ номидаанд.

Дар солҳои ахир эҷоди равобити ҳасана миёни Русия ва Арабистон, ки аз бузургтарин тавлидкунандагону содиркунандагони нафт дар ҷаҳон ҳастанд, бисёр мавриди таваҷҷуҳи Маскав ва Риёз будааст.     

 

Мавзуъ

Сафари таърихӣ: шоҳи Арабистони Саудӣ аз Маскав боздид мекунад
Тоҷикистону Арабистон баргузории Ҳамоиши иқтисодиро баррасӣ карданд
ВУХ: Робитаҳои динии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ баррасӣ шуданд
Барчаспҳо:
Арабистони Саудӣ, бозори нафт, Русия, Салмон бин Абдулазиз Оли Сауд, Владимир Путин, Русия-Арабистон

Мавзӯъҳои асосӣ