14:08 14 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Принц Валид ибн Талал ибн Абдулазиз Аль Сауд

Сафири Тоҷикистон бо шаҳзодаҳои саудӣ дидор кард

© Фото: МИД РТ
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
44 0 0

Сафири Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо ду тан аз шаҳзодаҳои саудӣ роҳҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷориро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Сафири ҶТ Заробиддин Қосимӣ бо шоҳзода Валид ибни Талол ибни Абдулазиз оли Сауд, раҳбари ширкати ҳолдингии "Алмамлакат", дар шаҳри Риёз дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши хадамоти иттилоотии Вазорати умури хориҷаи ҶТ, дар ин дидор масоили вобаста ба ҳамкорҳои иқтисодиву тиҷорӣ ва истифода аз захираҳои фаровони Тоҷикистон, ҳамчунин омӯзиши тарҳҳои судбахши сармоягузорӣ ва роҳу равишҳои иҷрои онҳо баррасӣ шудааст.

Вазорат ёдоварӣ карда, ки шоҳзода Валид бо 21 милёрд дулор сармоя соҳибкори хусусӣ ва яке аз сарватмандтарин касон дар ҷаҳон аст ва доираи фаъолиятҳои тиҷорӣ ва корҳои хайрияаш бисёр васеъ аст.

Сафири ҶТ ҳамчунин дар шаҳри Ҷидда бо шоҳзода Сауд ибни Абдулазиз ал-Файсал, раҳбари ширкати ҳолдингии "Ашшариф" низ дидор кард ва масоили ҳамкорӣ барои сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ кардааст.

Шоҳзода бавижа ба бахши энержӣ ва дигар бахшҳои авлавиятноку судбахши иқтисоди Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Дар ин дидор қарор шуд, ки барои оғози ҳамкорӣ тафсилоти мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб минбаъд бо ширкати масъулину коршиносони Тоҷикистон баррасӣ шавад.

Мавзуъ

Шаҳрванди Тоҷикистон аз ғуломӣ дар Арабистони Саудӣ озод шуд
Сафари таърихӣ: шоҳи Арабистони Саудӣ аз Маскав боздид мекунад
ВУХ: Робитаҳои динии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ баррасӣ шуданд
Арабистони Саъудӣ аз сармоягузорӣ барои сохти Маҷлиси Тоҷикистон мунсариф шуд
Тоҷикистону Арабистон баргузории Ҳамоиши иқтисодиро баррасӣ карданд
Барчаспҳо:
сармоягузорӣ, ҳамкорӣ, шоҳзода Сауд ибни Абдулазиз ал-Файсал, шоҳзода Валид ибни Талол ибни Абдулазиз оли Сауд, Заробиддин Қосимӣ, Тоҷикистон-Арабистон

Мавзӯъҳои асосӣ