Вазорати рушди иқтисод ба ихтироъкорони ҷавон кумак мекунад

© Sputnik / Игорь ЛекаркинИзобретение Радика Галимулина
Изобретение Радика Галимулина - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муассисаи давлатии "Маркази миллии патенту иттилоот"-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо мақсади дарёфти афроди лаёқатманд ва боистеъдод дар самти навоварию ихтироъкорӣ сомонаҳои интернетӣ боз кардааст

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Ба uузориши равобити умумии Вазорати фарҳанг, барои нахустин бор дар ҷумҳурӣ низоми нави пешниҳоди лоиҳа ва навовариҳо (тариқи электронӣ) дар сомонаҳои интернетии www.tajpatent.tjва www.innovation.tj роҳандозӣ шудааст.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо мақсади дар амал татбиқ намудани "Нақшаи кори Шӯрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ дар Тоҷикистон барои соли 2017" ва дар асоси супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар (декабри соли 2016), бо мақсади дарёфти афроди лаёқатманд ва боистеъдод дар самти навоварию ихтироъкорӣ, алалхусус наврасону ҷавонон, дастгирии онҳо ва тартибу ташвиқи соҳа дар байни аҳолӣ, бори аввал дар ҷумҳурӣ низоми нави пешниҳоди лоиҳа ва навовариҳои характери ихтироъкорӣ ва инноватсионидоштаро (тариқи электронӣ) дар сомонаҳои интернетии www.tajpatent.tjва www.innovation.tj роҳандозӣ намуд.

"Мутахассисони Муассиса лоиҳа ва навовариҳои инноватсиониро мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода, ба шаҳрвандон дар такмил ва коркард намудани лоиҳаҳо ва навовариҳо кумак мекунанд",-омадааст дар хабарнома.

Пилотный сегмент Казанской квантовой сети - Sputnik Тоҷикистон
Беҳтарин навоварони ҷавони Суғд муайян шуданд

Манбаъ меафзояд он тарҳҳое, ки  ва ғояҳои нави инноватсионӣ ва муфиди саноатӣ доранд, аз ҷониби Муассиса ба вазорату идораҳо ва ширкату корхонаҳои дахлдор бо мақсади ҷалби сармоягузорӣ ва дар амал татбиқ намудан пешниҳод мешаванд.

Ҳамчунин аз ҷониби Муассиса лоиҳаҳо ва ғояҳои нави инноватсионии беҳтарин дар дохил ва беруни кишвар муаррифӣ хоҳанд шуд.

Дар назар аст, ки дар ин замина манбаи ягонаи ҷумҳуриявӣ оид ба наврасон ва ҷавонони боистеъдод ва эҷодкор дар самти навоварӣ ва ихтироъкорӣ таъсис дода мешавад.

Пешниҳоди лоиҳа ва навовариҳои инноватсионӣ тариқи электронӣ дар сомонаҳои интернетии www.tajpatent.tj ва www.innovation.tj пурра ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст.

Манбаъ ҳадафи ташкил намудани чунин тарзи коргузориро осонтар ва камхарҷ пешниҳод намудани лоиҳа ва навовариҳои инноватсионӣ аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ медонад.

Ҳар як шахс новобаста аз синну сол ва соҳаи фаъолият метавонад ба сомонаҳои зикршуда ворид гардида, лоиҳа ва навоварии худро ба унвонии Муассиса пешниҳод намояд.

Лентаи хабарҳо
0