02:17 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Автомобиль Amarok, архивное фото

Узбакистон дар соли 2019 сохти худрави "Volkswagen Amarok"-ро оғоз мекунад

CC BY 3.0 / Wikimedia
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
20440

Ширкати худравсози олмонии "Volkswagen" сохтусози пикапи маъруфи "Amarok"-ро аз соли 2019 дар вилояти Самарқанд оғоз мекунад

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Худрави савориву бории "Volkswagen Amarok" дар корхонаи ширкати JV MAN Auto-Uzbekistan дар вилояти Самарқанд сохтусоз хоҳад шуд.

"Ширкатҳои "Узавтопром" ва "Volkswagen" барои сохтусози худрави савориву бории "Volkswagen Amarok" дар Узбакистон қарордод бастаанд. Ин тарҳ дар солҳои 2018 — 2019 иҷроӣ хоҳад шуд", — гуфт яке аз намояндаҳои он ширкат.

Вай афзуд, ин қарордод дар чорчӯби сафари нахуствазири Узбакистон Абдулло Орипов ба Олмон имзо шудааст.

Пикапҳои "Volkswagen Amarok" дар Узбакистон бо равиши CKD (Сomplete knock-down) сохта хоҳанд шуд. Яъне ширкати олмонӣ бастаҳое аз бахшҳои нимаомодашуда аз худравҳоро ба Узбакистон содир мекунад ва онҷо худравҳо аз ин бастаҳо сохта мешаванд. Қарор шуда, ки дар оянда тавлиди ин худравҳо дар Узбакистон бумисозӣ карда мешавад.

Гуфтанист, дар ҷараёни сафари Абдулло Орипов ба Олмон ширкати "Узавтопром" ҳамчунин бо ширкати "MAN Trucks&Bus AG" қарордод баста, ки бино бар он худравҳои борбару худрези "MAN CLA" бо мутури газсӯз ва утубусҳои миёншаҳрии "MAN Lion's Coach" дар Узбакистон сохтусоз карда хоҳанд шуд.

Ширкатҳои "Узавтопром" ва "МAN Nutzfahrzeuge" дар соли 2009 дар Самарқанд ширкати муштараки худравсозии "MAN Auto Uzbekistan"-ро ташкил карда буданд, ки 51 дарсад ах саҳомашро Узбакистон ва 49 дарсадро Олмон дар ихтиёр дорад. Ин корхона солона 5 ҳазор худрави борӣ месозад.  

Мавзуъ

Корхонаи худравсозии Peugeot дар Узбакистон зудтар оғоз ба кор мекунад
Нахустин худравҳои сохти Қазоқистон ба Тоҷикистон фиристода шуданд
Дар Душанбе маркази фурӯши худравҳои сохти Узбакистон бунёд мешавад
Машҳуртарин рангҳои худравҳои ҷаҳонӣ муайян шуд
"Авто-ретро 2017": намоиши худравҳои қадимӣ дар Душанбе
Қазоқистон ҳам ба Тоҷикистон худрав хоҳад фурӯхт
Коршинос: худравҳои узбакӣ дар Тоҷикистон харидор доранд
Барчаспҳо:
Volkswagen Amarok, худравсозӣ, MAN Trucks&Bus AG, Volkswagen, Узавтопром, Узбакистон, Олмон

Мавзӯъҳои асосӣ