Ширкати ТАЛКО дар 10 моҳ тавлиди алюминийро 23 дарсад коҳиш дод

© Фото : Посольство России в ТаджикистанеГосударственное унитарное предприятие Таджикская Алюминиевая Компания ТАЛКО
Государственное унитарное предприятие Таджикская Алюминиевая Компания ТАЛКО - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино бар омори расмӣ, ширкати ТАЛКО дар 10 моҳи имсол ба арзиши 188 милюн дулор алюминий ва маҳсулоти алюминӣ ба хориҷа содир кардааст

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Тавлиди алюминий дар ширкати тоҷикии "ТАЛКО" дар 10 моҳ 23 дарсад коҳиш ёфтааст, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

"Ширкати "ТАЛКО" дар моҳҳои январ то октябри имсол 23 дарсад камтар аз ҳамин давра дар соли 2016 алюминий тавлид кардааст. Ин ширкат дар дар моҳ 85,6 ҳазор тон алюминий ва фаровардаҳои алюминий тавлид карда, ки 330,4 милюн сомонӣ ё 37,4 милюн дулор арзиш дорад", — гуфта мешавад дар гузориши Вазорати саноеъ ва фанновариҳои нави Тоҷикистон.

Ин ширкат дар даҳ моҳи соли гузашта беш аз 110 ҳазор тон алюминий тавлид карда буд.

Гуфта мешавад, ки дар 10 моҳи соли равон дар ширкат беш аз 6,8 ҳазор тон алюминий пардозиш дода шуд, ки ин миқдор дар қиёс бо муддати мушобеҳи соли гузашта 1,6 ҳазор тон афзоишро нишон медиҳад.

Государственное унитарное предприятие Таджикская Алюминиевая Компания ТАЛКО - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон як корхонаи нави алюминий ба андозаи ТАЛКО месозад

Бар асоси додаҳои расмӣ, Тоҷикистон дар моҳҳои январ — ноябри соли ҷорӣ ба арзиши 188 милюн дулор алюминий ва маҳсулоти алюминӣ содир кард. Ин рақам дар муқоиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 2,8 дарсад, ё 5 милюн дулор коҳишро нишон медиҳад.

Дар Тоҷикистон мизони тавлиди алюминий аз моҳи ноябри соли 2016 ба ин сӯ тадриҷан рӯ ба коҳиш ниҳод. Сабаби аслии коҳиши тавлиди алюминий тасодуме дониста шуда, ки дар сомонаи энержии барқии кишвар рух дода буд. Дар натиҷаи он тасодум ҳаммомҳои электролизии ТАЛКО шикаста шуда буданд.

Вазорати саноеъ ва фанновариҳои нави ҶТ хисороти иқтисодии ТАЛКО аз ин тасодумро 8 милюн дулор арзёбӣ кард.

Ширкати ТАЛКО таъйид мекунад, ки имрӯз имкони ба кор андохтани 98 ҳаммоми электролизиро дорад.

Таджикский алюминиевый завод - Sputnik Тоҷикистон
Вазири саноат: ТАЛКО мушкилот дорад ва онро бояд ҳал кард

Дар зимн, раёсати ширкат бо ҳадафи сарфакории нерӯи барқ дар кишвар тармим ва ба кор андохтани электролизерҳоро то моҳи феврали соли оянда ба таъвиқ андохт.

ТАЛКО масрафкунандаи аслии нерӯи барқи тавлиди Тоҷикистон мебошад.

Лентаи хабарҳо
0