SWIFT: дар БМТ пешгирии қаллобӣ ва амнияти иттилоотӣ баррасӣ шуд

© Фото : Аз равобити умумии БМТРаванди мутобиқшавӣ ба талаботҳои Барномаи амнияти истифодабарандаи SWIFT
Раванди мутобиқшавӣ ба талаботҳои Барномаи амнияти истифодабарандаи SWIFT - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Бонки миллии Тоҷикистон амнияти иттилоотӣ ва пешгирии қаллобӣ муҳокима шуд

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Рӯзи 21 декабр дар Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони ташкилотҳои қарзӣ — аъзоёни Нуқтаи дастёбии дастаҷамъии SWIFТ БМТ ҷиҳати мутобиқшавӣ ба талаботҳои Барномаи амнияти истифодабарандаи SWIFT вохӯрӣ баргузор гардидааст.

Дар ин бора равобити умумии БМТ хабар медиҳад.

Деньги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нархи рӯз: БМТ нархи хариду фурӯши арзҳоро муқаррар кард

Муовини раиси БМТ  Машрабзода Ҳамидулло гуфтааст, ки бо мақсади пешгирии амалиётҳои қаллобӣ ва таъмини амнияти иттилоот дар низоми SWIFT, бояд ташкилотҳои қарзӣ аз тағйироту талаботҳои ҳамарӯзаи SWIFT огаҳӣ дошта бошанд. 

Дар ин дидор инчунин бобати раванди мутобиқшавӣ ба талаботҳои Барномаи амнияти истифодабарандаи SWIFT (CSP — Customer Security Programm) ва гузаштани аттестатсия сардори бахши дастгирии техникии SWIFT Яҳёев Бахтиёр иттилоъ дод, ки айни замон ҳамаи ташкилотҳои қарзӣ аз раванди аттестатсия бомувафаққият гузашта, худро дар платформаи KYC-SA санҷиданд.

"Мақсади асосии ҷорӣ намудани Барномаи CSP расонидани кӯмак ба истифодабарандагони SWIFT дар самти таъмини амният, ҳифзи инфрасохтори дохилӣ ва мубориза бар зидди қаллобӣ мебошад", — гуфт ӯ. 

Дар идомаи мулоқоти корӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи иттилоот дар ҷойи кории нуқтаи дастрасӣ ба низоми SWIFT, ҳифзи ҷойи корӣ, ҳифзи гузарвожаҳо ва соқиту қатъ намудани ҳуқуқу ваколатҳои истифодабарандагон дар ин низом сардори бахши ҳифзи иттилоот — Абдуллоев Шамсиддин нақл кард.

Лентаи хабарҳо
0