04:11 24 апрели 2018
Пахши мустақим
Тоджиксодиротбанк. Архивное фото

"Тоҷиксодиротбонк" дороиҳояшро мефурӯшад то қарзҳояшро бар гардонад

© Sputnik Игорь Лекаркин
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
340 0 0

Яке аз бонкҳои Тоҷикистон - "Тоҷиксодиротбонк" бархе аз дороиҳояшро ба фурӯш гузошта то сармояе ба даст овараду қарзҳояшро бар гардонад

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Чанде пеш мудирияти ин бонк эълом карда буд, ки дар назар дорад ҳазинаҳояш кам карда ва шумора ва музди кормандон, ҳазинаҳои молиётӣ ва иҷораиашро коҳиш диҳад.

Ба гузориши равобити умумии "Тоҷиксодиротбонк", ин бонк ҳамакнун барои 8 соза дар Душанбе, аз ҷумла панҷ фурӯшгоҳ, як доруфурӯшӣ, як таҳхона ва як маркази тиҷорӣ, харидор меҷӯяд.

Бонк ҳамчунин дар шаҳрҳои Ваҳдат ва Конибодом ва ноҳияҳои Бохтар, Дӯстӣ, Ёвон, Масчо, Фархор, Хуросон, Ҷайҳун ва Ҷомӣ низ созаҳову дороиҳоеро ба фурӯш гузоштааст.

Чанде пеш аз ин раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Тоҷикистон дастур дода буд, ки барои ҳалли мушкилоти "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбанк" чораҷӯӣ кунад.

Дар паи ин дастур Маҷлиси намояндагон Қарори Ҳукумати Тоҷикистонро тасвиб кард, ки бар асоси он давлат барои сармоягузорӣ дар чаҳор бонк ба арзиши 3 милёрду 850 милюн сомонӣ коғази баҳодор интишор мекунад. Аз ин маблағ 2 милёрду 250 милюн сомонӣ ба "Тоҷиксодиротбонк" ихтисос дода мешавад. 

Мавзуъ

Аз қонуншикании Раҳмонов то ҷаримагурезии "Тоҷик Эйр" ва "Тоҷиксодиротбонк"
“Тоҷиксодиротбонк” амалиёти интиқоли маблағҳоро барқарор кард
Хазинаи байналмилалии асъор метавонад “Тоҷиксодиротбонк”-ро наҷот диҳад
БМТ барои “Тоҷиксодиротбонк” маъмурияти муваққатӣ таъин намуд
Барчаспҳо:
Тоҷиксодиротбонк, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ