04:14 24 апрели 2018
Пахши мустақим
Аробакаш, акс аз бойгонӣ

Бонки ҷаҳонӣ: мизони бекорӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам болост

© Sputnik Амир Исаев
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
47 0 0

Мувофиқи гузориши бонк, сатҳи расмии бекорӣ дар умум нисбат ба нишондодҳои соли 2017 бетағйир монда, 2,3 фисадро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Бонки ҷаҳонӣ дар ҳисоботи соланааш қайд кардааст, ки шумораи корҷӯён ҳанӯз дар Тоҷикистон зиёданд.

Мувофиқи маълумотҳои пешниҳодкардаи ҳуҷҷати мазкур, сатҳи бекорӣ дар кишвар  мувофиқи нишондодҳои моҳи июли соли 2017 бетағйир мондааст ва 2,3 фисадро ташкил медиҳад. Шумораи умумии қувваи корӣ бошад дар Тоҷикистон 2,29 миллионро ташкил медиҳад.

Бино бар маълумотҳои бонк, новобаста аз он, ки дар кишвар ҷойҳои корӣ нисбат ба соли гузашта зиёдтар шудааст, шумораи корҷӯён тағйир наёфтааст.

Пештар Бонки ҷаҳонӣ аз вазъи иқтисоди Тоҷикистон нуқоти заъфи бонкҳо нишон дод, ки имкон намедиҳанд ин бунгоҳҳои иқтисодӣ нақши худро дар иқтисоди кишвар чунон ки бояд иҷро кунанд.

"Шитоби тунди дулорӣ шудани муомилот, мизони поини супурдаҳо, ҳаҷми беш аз ҳадди вому эътиборҳое, ки бозпардохт намешаванд ва вобастагии бисёр ба таъмини молии умда аз вижагиҳои аслии бонкҳои Тоҷикистон шудаанд, ки нақши миёнҷигарии молии онҳоро маҳдуд мекунанд", — гуфта мешуд дар ин гузориш.

Коршиносони БҶ дар ин гузориш гуфтаанд, ки набуди манобеъи сармоягузорӣ ва камбуди афзорҳои мудирияти нақдинагии бонкҳо монеъ аз рушди бахши молии иқтисоди Тоҷикистон шудаанд.

Барчаспҳо:
сатҳи камбизоатӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ