19:27 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Нефтеперерабатывающий завод (НПЗ). Архивное фото.

Вазорати рушди иқтисод: полоишгоҳи нафт дар Данғара соли 2019 роҳандозӣ хоҳад шуд

© Sputnik / Михаил Воскресенский
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
15301

Нахустин полоишгоҳи нафти Тоҷикистон дар минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” дар вилояти Хатлон дар соли 2019 роҳандозӣ хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Вазорати рушди иқтисод ва бозаргонии Тоҷикистон эълом карда, ки полоишгоҳи нафте, ки дар минтақаи озоди иқтисодии “данғара” сохта мешавад, дар соли 2019 ба баҳрабардорӣ хоҳад расид.

Ин панҷумин бор аст, ки роҳандозии ин полоишгоҳ ба дигар замон вогузошта мешавад. Пештар иллати онро мушкилоти молӣ ва ба мавқеъ пардохт нашудани ҳазинаи таҷҳизоти мавриди ниёз дар сохти ин полоишгоҳ мегуфтанд.

Чунончи, аз соли 2016 то кунун ҳар бор эълом мешуд, ки чун “Агроинвестбонк” наметавонад манобеъи молӣ барои хариди таҷҳизоти ин полоишгоҳро таъмин кунад, ин полоишгоҳ дертар ба баҳрабардорӣ хоҳад расид.

Ширкати чинии “TK-oil” барои сохти ин полоишгоҳ 450 милюн дулор сармоягузорӣ карддааст.

Гуфтанист, Минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" дар соли гузашта 91 милюн сомонӣ (беш аз 10,3 милюн дулор) сармоягузории мустақим ҷазб карда буд. Дар ин минтақа ҳамакнун 31 ширкат фаъолият мекунад, ки 7 то аз онҳо бунгоҳҳои тавлидӣ ва хидматрасон ҳастанд. Аз ҷумла, дар МОИ "Данғара" тавлиди маводи шӯянда, созаҳои филиззӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва ғайра роҳандозӣ шудааст.

Соли гузашта ширкатҳои МОИ "Данғара" ба арзиши 19 милюн сомонӣ коло тавлид карданд, ки 3 милюн сомонӣ бештар аз соли 2016 аст.

Дар соли 2017 дар ин минтақа як ширкати тавлиди масолеҳи сохтмонӣ ва саноеъ низ оғоз ба кор кард.

Бар асоси додаҳои манбаъ, аз оғози фаъолияти МОИ "Данғара", яъне аз соли 2011, то кунун беш аз 1 милёрду 486 милюн сомонӣ (168,6 милюн дулор) сармоягузорӣ ҷазб шудааст. Ширкатҳои чинӣ, эронӣ ва русӣ дар ин МОИ бештар сармоягузорӣ кардаанд.

Минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" дар 521,3 ҳектор замин аз ноҳияи Данғара бунёд шудааст. Соли 2015 маросими оғози сохтусози се корхонаи бузург ба арзиши беш аз 1,6 милёрд сомонӣ дар ин минтақа бо ширкати раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда буд.

Мавзуъ

МОИ "Данғара" дар соли 2017 беш аз 10,3 млн $ сармоягузорӣ ҷазб кард
Ширкати чинӣ то поёни сол минтақаи озоди иқтисодии "Данғара"-ро ба хатти барқ мепайвандад
Барчаспҳо:
МОИ "Данғара", Вазорати рушди иқтисод ва бозаргонии ҶТ, Данғара, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ