Истиқболи раиси вилоят аз иқдоми соҳибкор дар Панҷиканд

© Пресс-служба президента РТПредседатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото
Председатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд ташаббуси соҳибкорро дар мавриди ташкили коргоҳи нави дӯзандагӣ истиқбол кардааст

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik.  Раиси вилояти Суғд Аҳмадзода Раҷаббой ба шаҳри Панҷиканд сафар карда аз иншооти гуногун дидан ва бо роҳбарияту соҳибкорони ин минтақа дидор кардааст.

Роҳбари вилоят ташаббуси соҳибкорро дар мавриди ташкили коргоҳи нави дӯзандагӣ истиқбол кардааст.

Ин коргоҳи дузандагӣ беш аз 40 нафар занону бонувони шаҳрро соҳиби кору маош хоҳад кард.

Председатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дастури Раҷаббой Аҳмадзода барои обод кардани оромгоҳи Рӯдакӣ

Роҳбари вилоят ба соҳибкор тавсия додааст, ки ба сифати маҳсулот диққати аввалиндараҷа диҳад.

"Коргоҳ метавонад ҷиҳати фаъолияти минбаъда ва дарёфти харидор бо муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва Корхонаи муштараки "Зарафшон" ҷиҳати дӯхтани либосҳои мактабӣ ва соҳавӣ ҳамкорӣ намояд", омадааст дар хабарнома.

Раҷаббой Аҳмадзода роҳбарияти шаҳр ва соҳибкорро ҳамчунин барои ободониву кабудизоркунии муҳити атрофи марказ ҳидоят намудааст.

Дар баробари ин Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Панҷиканд аз терминали навбунёди сарҳадӣ  боздид намудааст.

Зимни боздид Раҷаббой Аҳмадзода масъулинро ҷиҳати ободонии муҳити атрофи терминал ва шинонидани дарахтони ороишиву гулҳои мавсимӣ дастур додааст.

Ин гузаргоҳи сарҳадӣ дар доираи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Айнӣ — Панҷиканд аз тарафи Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ сохта шуда, барои кормандони соҳаи гумрук шароитҳои мусоиди фаъолиятро фароҳам хоҳад овардааст.

Пештар хабар дода шуд, ки дар остонаи ҷашни Наврӯз гузаргоҳи байнулмилалии "Панҷиканд — Самарқанд", ки ҳашт сол пеш баста шуда буд, дубора боз мешавад.

 

Лентаи хабарҳо
0