16:47 20 феврали 2018
Пахши мустақим
Встреча зампредседателя НБТ Сираджиддина Икрами с представителями Всемирного Банка

Бонки Ҷаҳонӣ дар ислоҳи низоми бонкии Тоҷикистон ба БМТ ёрӣ медиҳад

© Фото: Национальный банк Таджикистана
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
28 0 0

Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ барномаи кумаки фаннӣ барои рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистонро таҳия мекунанд

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Роҳу равишҳои ислоҳи низоми бонкии Тоҷикистон дар дидори муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо гурӯҳи намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ ба роҳбарии коршиноси аршади Бонки Ҷаҳонӣ дар масоили бахши хусусӣ Саид Ахтар Маҳмуд барраӣ шуданд.

Ба гузориши равобити умумии БМТ, Сироҷиддин Икромӣ дар ин дидор меҳмононро бо вазъи иқтисоди кишвар ва бозори дохилии арз ошно карда ва чораҳои БМТ барои ислоҳот дар низоми бонкии Тоҷикистонро боз гуфт.

Саид Ахтар Маҳмуд низ гуфт, ки ҳадаф аз ин мулоқот таҳияи барномаи нави кӯмаки фаннӣ барои рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон аст.

Вай афзуд, ки ин барнома бо таваҷҷуҳ ба таҳлили барномаҳои давлатӣ ва тақсимоти захираҳое, ки ба рушди бахши хусусӣ мусоидат мекунанд, омода шуда ва дар ҳамкорӣ бо намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ислоҳоти сохторӣ ва меъёрӣ дар бахши бонкдорӣ амалӣ мешавад.

Мавзуъ

Бонки Ҷаҳонӣ барои бенавоёни Тоҷикистон $1,8 млн ихтисос хоҳад дод
Бонки ҷаҳонӣ: мизони бекорӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам болост
Бонки Ҷаҳонӣ нуқоти заъфи бонкҳои Тоҷикистонро нишон дод
Тоҷикистон ҷойгоҳи худро дар радабандии Бонки ҷаҳонӣ беҳтар кард
Бонки Ҷаҳонӣ: Тоҷикистон аз натиҷаи дилхоҳ дар фақрзудоӣ ҳануз дур аст
Барчаспҳо:
ислоҳоти низоми бонкӣ, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, Саид Ахтар Маҳмуд, Сироҷиддин Икромӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ