19:41 23 майи 2018
Пахши мустақим
Пез аз даромадан ба нуқтаи мубодилаи асъор. Акс аз бойгонӣ

БМТ "бозори сиёҳ" дар марзи Узбакистону Қирғизистонро аз байн мебардорад

© Sputnik / Роман Галкин
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
60 0 0

Ба далели набуди нуқтаҳои мубодилаи асъор, шаҳрвандони кишварҳои ҳамсоя маҷбур мешаванд, пулҳои худро дар "бозори сиёҳ" иваз кунанд

ДУШАНБЕ, 14 фев— Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон нақша дорад дар марз бо Узбакистону Қирғизистон нуқтаҳои мубодилаи асъор кушояд. Дар ин бора намояндагии БМТ дар вилояти Суғд хабар медиҳад.

"Дар ояндаи наздик дар назди гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистон бо Узбакистону Қирғизистон нуқтаҳои мубодилаи асъор ба фаъолият мепардозанд", — омадааст дар хабарнома.

Гуфта мешавад, ки ба далели набуди нуқтаҳои мубодилаи асъор, шаҳрвандони кишварҳои ҳамсоя маҷбур мешаванд, пулҳои худро дар "бозори сиёҳ" иваз кунанд.

Дар рӯзҳои истироҳати ҳафта вақте бонку ташкилотҳои қарзӣ кор намекунанд, мубодилаи асъор ҳатто дар шаҳри Хуҷанд ҳам мушкилӣ пеш меорад.

Муболидаи асъор дар марзи Тоҷикистону Узбакистону Қирғизистон, аз ҷониби ташкилотҳои қарздиҳӣ амалӣ мешавад, чун аз соли 2015 инҷониб Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти саррофиҳои хусусиро пурра манъ кардааст.

Барчаспҳо:
нуқтаи муболидаи асъор, БМТ, Қирғизистон, Узбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ