04:50 23 июли 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.93
  • RUB0.15
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан

Тоҷикистон аз Олмон барои иҷрои чанд тарҳ беш аз 33 млн евро дарёфт мекунад

© Sputnik
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
5520

Ҳукумати Олмон аз тариқи Бонки рушди Олмон (KfW) барои чанд тарҳи иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон 33,5 миллион евро ихтисос хоҳад дод

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз тавофуқномаи молӣ дар миёни ҶТ ва Олмон дар бораи ҳамкории молӣ ва фаннӣ дар солҳои 2016 – 2017-ро тасвиб кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Бино ба гузориши равобити умумии Маҷлиси намояндагон, ин ниҳод имрӯз Созишномаи ҳамкориҳои молӣ миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Олмон барои солҳои 2016 – 2017 ва Созишномаи ҳамкориҳои фаннӣ миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Олмон барои солҳои 2016 – 2017-ро тасвиб кардааст.

Бар асоси Протоколи гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон аз 12 – 13 декабри соли 2016, Ҳукумати Олмон барои амалисозии тарҳҳо дар солҳои 2016 ва 2017 маблағи 33,5 млн. евро, аз ҷумла барои амалисозии барномаҳои бунёди сохмонҳои омӯзишиву дармонӣ ва нерӯгоҳҳои хурд дар деҳистонҳои Тоҷикистон ҷудо карда мешавад.

Вазири рушди иқтисод ва бозаргонии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дар ин ҷаласа гуфт, ки ин аснод соли гузашта ба имзо расида буданд.

Ба гуфтаи вай, тавофуқномаҳо баъди тасвиб дар муддати 2 сол ба иҷро хоҳанд даромад. Барномаи ҳамкории молӣ иҷрои чанд тарҳ дар заминаҳои беҳдошт, кишоварзӣ ва энержиро пешбинӣ мекунад. Яке аз онҳо тарҳи беҳсозии бемории сил мебошад.

Мавзуъ

Даъватномаи ҳукумати Тоҷикистон ба ҳукумати Олмон
Сафири навтаъйини Олмон бо вазири умури дохилӣ дар чӣ бора суҳбат кард?
Тоҷикистон ва Олмон дар Мурғоб нерӯгоҳи барқии "Оқсу"-ро месозанд
Барчаспҳо:
Бонки рушди Олмон, KfW, Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Олмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ