20:55 19 июни 2018
Пахши мустақим
  • USD9.10
  • EUR10.50
  • RUB0.14
Нурлан Сейтимов сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон

Қазоқистон ҳамчунон дувумин шарики бозаргонии хориҷии Тоҷикистон аст

© Посольство РК в РТ
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
56 0 0

Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон самтҳои асосии густариши ҳамкориҳои ду кишварро бозгӯ кард

ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Қазоқистон дар миёни шарикони иқтисодии Тоҷикистон ҳамчунон дувумин ҷойгоҳро дорад, гуфт сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Нурлан Сейтимов.

Ба гузориши Вазорати умури хориҷаи Қазоқистон, Нурлан Сейтимов дар остонаи сафари расмии раисҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Остона самтҳои асосии густариши ҳамкориҳои ду кишвар ва масоили калидии гуфтугӯҳои сарони ду кишварро бозгӯ кард.

"Дар чорчӯби сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Остона гуфтугӯи кишвардорон ва музокироти ҳайъатҳои расмии ду кишвар баргузор хоҳанд шуд, ки дар онҳо масоили калидии минтақа ва ҷаҳон баррасӣ хоҳанд шуд. Ҳамчунин роҳу чораҳои пешбурди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷории ду кишвар ва густариши онҳо дар оянда баррасӣ хоҳанд шуд", — гуфт Сейтимов.

Сафири Қазоқистон ёдоварӣ кард, ки имсол аз роҳандозии равобити сиёсӣ миёни Остона ва Душанбе 25 сол пур шуда ва акнун ин ду кишвар ҳамкории роҳбурдиро пеш мебаранд.

"Қазоқистон ва Тоҷикистон аз ибтикорҳои минтақаӣ ва байналмилалии якдигар пуштибонӣ мекунанд. Чунончи, Тоҷикистон аз номзадии Қазоқистон барои узвияти интихобӣ дар Шурои амнияти Созмони милал, узвият дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат, ибтикори таъсиси Созмони исломии амнияти хорборӣ дар Остона ва баргузории намоишгоҳи "ЭКСПО-2017" дар Қазоқистон пуштибонӣ ва дастгирӣ кардааст", — афзуд сафир.

Вай ҳамчунин гуфт, ки Қазоқистон дар миёни шарикони иқтисодии Тоҷикистон ҳамчунон дувумин ҷойгоҳро дорад. Чунончи, дар соли 2017 ҳаҷми мубодилоти тиҷории ду кишвар 776 милюн дулор буда, ки 31,5 дарсад бештар аз соли 2016 аст.

Сейтимов ёдоварӣ кард, ки бештари маҳсулоти содиротии ин кишвар ба Тоҷикистонро нафт, худравҳо, корафзорҳои хадамоти шаҳрдорӣ, таҷҳизоти роҳи оҳан ва автобусҳои шаҳрӣ дар бар мегирад.

Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ки ду кишвар қарордоди хариду фурӯши ду локомотивро имзо кардаанд ва яке аз ин локомотивҳо ба Тоҷикистон таҳвил дода шуда ва дувумӣ дар роҳ аст.

Барчаспҳо:
Қазоқистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ