11:46 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Пул ва тангаҳо. Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон бо бонкҳои пешрафтаи Узбакистон шартнома баст

© Sputnik / Владимир Трефилов
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
31 0 0

Санаде, ки дар рафти сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон имзо шуд, ба ҳамоҳангсозии бонкҳои Тоҷикистону Узбакистон дар робита ба расонидани хадамоти молиявӣ ҷиҳати баланд бардоштани ҳаҷми тиҷорат миёни ин ду ҷумҳурӣ, равона шудааст

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. "Ориёнбонк"-и Тоҷикистон бо ду бонки пешрафтаи Узбакистон созишнома имзо кардааст, хабар медиҳад ТоҷикТА.  

"Мудирияти ҶСК "Ориёнбонк", яке аз бонкҳои пешрафтаи Тоҷикистон, иддае аз санадҳоро оид ба ҳамкорӣ бо ду бонки бузурги Узбакистон ба имзо расонидааст", — хабар доданд дар намояндагии бонки тоҷик.

Дар рафти сафари расмии раисиҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ки 9-10 марти соли ҷорӣ баргузор гардид, ҶСК "Ориёнбонк" ва БСТ "Туронбанк" ёддоштеро ба имзо расониданд, ки ба афзоиши чархиши коло байни ҷумҳуриҳои Узбакистон ва Тоҷикистон равона шудааст.

Ёддошт ҳамчунин кӯшишҳои бонкҳои Тоҷикистону Узбакистонро ҷиҳати хизматрасонии молиявӣ барои баланд бардоштани ҳаҷми мутақобилаи тиҷорат миёни ҷумҳуриҳо ҳамоҳанг хоҳад кард.

Санади мазкур имкон медиҳад, ки маблағгузории марбут ба содироти молу хадамот аз Тоҷикистон ба Узбакистон ва баръакс оғоз шавад. Марҳилаи якум — муносиботи муросилотӣ ва маблағгузории амалиётҳои содиротӣ-воридотӣ байни бонкҳо хоҳад буд.

Барчаспҳо:
ҳамкории бонкҳо, Узбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ