05:02 23 июли 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.93
  • RUB0.15
Суҳбати намояндагони Тоҷикистону Озарбойҷон

Президент: омодаам дар иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кунам

© МИД РТ
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
295 0 0

Ин нуктаро Президенти ширкати металургии Боку Расим Мамедов дар суҳбат бо сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон гуфтааст

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Президенти ширкати металургии Боку Расим Мамедов дидору мулоқот кардааст, хабар медиҳад равобити умумии ВУХ Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки дар ин мулоқот сафир ба ҳамсуҳбати хеш дар бораи рушди иқтисоди Тоҷикистон, фазои сармоягузорӣ ва имкодиятҳои мусоиди соҳибкорӣ, Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 гуфтааст.

Ҳамчунин ҷонибҳо дар ин дидор ҳолати кунунии ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии байни Тоҷикистону Озарбойҷонро баррасӣ кардаанд.

"Мамедов омодагии худро ҷиҳати сармоягузорӣ намудан дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Тоҷикистон изҳор намуд", омадааст дар хабарнома.

Ҷонибҳо чораҳои мушаххасро ҷиҳати рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодиёт, савдо, сармоягузорӣ, истихроҷ ва коркарди маъдан, гидроэнергетика, саноат, металлургия ва ангишт мавриди муҳокима қарор додаанд.

Барчаспҳо:
сармоягузорӣ, Рустам Солӣ, Озарбойҷон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ