23:28 26 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
37 0 0

Соҳибкорони Чехия дар ҷаласаи навбатии комиссияи байниидоравии Тоҷикистону Чехия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ширкат хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Дар ин бора сафири Тоҷикистон дар Чехия Маликшо Неъматов бо қабули расмии вазири саноат ва савдои ин кишвар Томаш Хунер мулоқот кардааст, хабар медиҳад равобити умумии ВУХ Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки рӯзи 18 апрел, сафири Тоҷикистон дар Чехия Маликшо Неъматов дар қабули расмии вазири саноат ва савдои Чехия Томаш Хунер ширкат кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон ва Милош Земан
© Фото : Официальная страница пресс-службы президента РТ

Сафири Тоҷикистон дар дар мулоқот бо вазири саноат ва савдои Чехия, масъалаи ҷаласаи навбатии комиссияи байниидоравии Тоҷикистону Чехия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ва баргузории форуми тиҷоратии соҳибкорони ҳарду кишварро соли ҷорӣ баррасӣ кардааст.

Гуфта мешавад, ки ин ҷаласа дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Ҷонибҳо омодагии хешро барои ташкилу баргузор намудани ин чорабиниҳои муҳим, баён кардаанд.

Барчаспҳо:
ҷаласа, иқтисоду тиҷорат, ҳамкорӣ, дидору мулоқот, Томаш Хунер, Маликшо Неъматов, Чехия

Мавзӯъҳои асосӣ