Тоҷиксодиротбонкро Арабистони Саудӣ саҳмгузорӣ мекунад

© Sputnik / Игорь ЛекаркинТоджиксодиротбанк. Архивное фото
Тоджиксодиротбанк. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гурӯҳи сармоягузории Саудӣ (Saudi Investment Group) то 51 дарсади саҳмияҳои ҶСК "Тоҷиксодиротбонк"-ро харидорӣ менамояд

ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Бино ба иттилои Тоҷикисодиротбонк Гурӯҳи сармоягузории Саудӣ (Saudi Investment Group) тасмим гирифтааст 51% саҳмияҳои ҶСК "Тоҷиксодиротбонк"-ро харидорӣ намояд.  

Рӯзи 11 май дар доираи сафари ҳайати соҳибкорон ва сармоягузорони Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон мулоқоти раиси ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" Тоҷиддин Пирзода бо раиси Гурӯҳи сармоягузории Саудӣ (Saudi Investment Group) Шайх Валид Аҳмад Муҳаммад Ад-Даҳаш Ат-Тувайҷирӣ баргузор гардидааст.

"Дар мулоқот иштироки Гурӯҳи сармоягузории Саудӣ  (Saudi Investment Group) дар ҳиссаи саҳмияҳои ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" мавзӯи аслӣ буд" — иттилоъ медиҳад Тоҷикисодиротбонк.

Таджиксодирот банк, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
“Тоҷиксодиротбонк” ба фурӯши ғайриқонунии саҳмияҳо муттаҳам шуд

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо мувофиқат карданд, ки то 51% саҳмияҳои ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" аз тарафи Гурӯҳи сармоягузории Саудӣ  (Saudi Investment Group) харидорӣ мегардад.

Дар бораи ин масъала тарафҳо шартномаи пешакӣ имзо карданд.

Лозим ба ёдоварист, ки пас аз шурӯи давраи солимгардонии вазъи молиявии бонк ин аввалин тавофуқест, ки бонк ва шарикони хориҷӣ кардаанд.

Қаблан Шайх Валид Аҳмад Муҳаммад Ад-Даҳаш Ат-Тувайҷирӣ бо роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон масъалаи сармоягузориро баррасӣ кард.

Лентаи хабарҳо
0