Бонки осиёии рушд сармоягузори асосии Тоҷикистон боқӣ мемонад

© wikimedia.orgАзиатский банк развития. Архивное фото
Азиатский банк развития. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки осиёии рушд ҳамоно яке аз боэътимодтарин шарики Тоҷикистон ба ҳисоб меравад

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Бонки осиёии рушд донори асосии байналмиллалии Тоҷикистон мебошад. Ҳаҷми кумаки бонки мазкур ба Тоҷикистон дар шакли қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кумакҳои техникӣ 1,6 млрд. долларро ташкил додааст, омадааст дар гузориши бонк.

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 82 дарсади сармоягузорӣ ба Тоҷикистон аз тарафи Бонки осиёии рушд сурат гирифтааст. Дар ҳамин ҳол ҳаҷми зиёди сармоягузории Бонки осиёии рушд ба андозаи 90 миллион доллар ба соҳаи нақлиёт равона шудааст.

Национальный банк республики Таджикистан. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони БОР ба БМТ: пешниҳодатонро ба роҳбариятамон мерасонем

Чанде пеш бонк барои азнавсозии роҳи 40 километрии Душанбе-Бохтар (Қурғонтеппа) дар вилояти Хатлон дар ҳаҷми 90 миллион доллар грант ҷудо намудааст.      

Ҳамчунин Бонки осиёии рушд барои беҳтар намудани нигоҳубини саломатиии модару кӯдак дар ҳаҷми 700 ҳазор доллар кумаки техникӣ расонда боз маблағгузории ду барномаи дигарро дар ҳаҷми 18,37 миллион доллар тасдиқ намудааст.

Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Бонки осиёии рушдро боэътимодтарин шарики Тоҷикистон арзёби карда, таъкид карда буд, ки бонк аз соли 1998 то имрӯз наздик ба 1,6 млрд. доллар сармоягузорӣ кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарияти бонк барои дастгирии молиявӣ дар соҳаҳои маориф, энержӣ, нақлиёт, гумрук ва пешгирии офатҳои табии изҳори минатдорӣ намуд.

Лентаи хабарҳо
0