17:28 27 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
75 0 0

Ба гуфтаи Дмитрий Медведев, гардиши молу коло байни Тоҷикистону Русия дар се моҳи соли ҷорӣ наздик ба 20 дарсад афзоиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik.  Тамоюли рушди молу коло байни Тоҷикистону Русияро бояд ҳифз намоем, гуфтааст нахуствазири Русия Дмитрий Медведев.

"Дар маҷмӯъ қайд карда шуд, ки ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ байни кишварҳои мо дар ҳоли рушд аст", — гуфт Медведев.

Ба гуфтаи вай ҳаҷми гардиши молу коло дар соли ҷорӣ суръати қобили қабул  надошт.

"Дар охири семоҳаи аввали соли ҷорӣ рушди назаррас тақрибан 20 дар сад дида мешавад. Ин равандро бояд нигоҳ дошт" — таъкид кардааст Медведев.

Вай афзуд, ки зимни мулоқот тарафҳо иқдомҳои баъдӣ барои рушди содирот ва фаъол намудани корҳо дар барномаҳои мазкурро баррасӣ намуданд.

Нахуствазири Русия Дмитрий Медведев бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.

Зимни сафараш нахуствазири Русия бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода мулоқот кард.

Зимни дидор ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои соҳибкорӣ ва иқтисодӣ, сармоягузорӣ, энержӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, муҳоҷират ва гуманитариро баррасӣ карданд. 

Ҳамчунин, Медеведев 1 июн дар Душанбе дар ҷаласаи сарони Ҳукуматҳои узви кишварҳои ҳамсуд ширкат хоҳад кард.

Барчаспҳо:
гардиши молу коло, Дмитрий Медведев, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ