“Комбинати шири Душанбе” дар Истаравшан намояндагии корхонаи худро боз кардааст

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкФерма ЗАО "Комбинати шири Душанбе" в Таджикистане
Ферма ЗАО Комбинати шири Душанбе в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Истаравшан маросими ифтитоҳи корхонаи коркарди шири “Асил”, ки намояндагии “Комбинати шири Душанбе” мебошад, баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Дар шаҳри Истаравшан корхонаи коркарди шири "Асил" ифтитоҳ гардид, иттилоъ медиҳад Ҳукумати вилояти Суғд.

Бино бар иттилоъи манбаъ, корхонаи мазкур намояндагии "Комбинати шири Душанбе" буда,  8 намуди маҳсулоти шириро истеҳсол менамояд.

"Корхонаи шири "Асил" дорои озмоишгоҳҳи муосир буда, тамоми маҳсулоти истеҳсолшудаашро санҷиш мекардааст", — омадааст дар иттилои манбаъ.

Корхонаи "Асил" 20 нафарро бо ҷойи кор ва музди худ таъмин кардааст.

Лентаи хабарҳо
0