09:57 09 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.14
  • RUB0.14
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
178 0 0

Ширкати "Фароз" сабаби асосии боло рафтани нархи гази моеъро ба кам гардидани ҳаҷми фурӯши он аз ҷониби ширкати "СНПС-Актобемунайгаз"-и Қазоқистон медонад

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Ширкати "Фароз" эълом кард, ки боло рафтани нархи гази моеъ тақсири ширкат нест, балки кам гардидани ҳаҷми фурӯши он аз ҷониби ширкати "СНПС-Актобемунайгаз"-и Қазоқистон ва норасоии он дар ин кишвар аст.

Изҳороти "Фароз" рӯзи 27 июн дар саҳифаи фейсбукии ин ширкат мунташир шуд.

Тавре ширкат афзудааст, қаблан воридоти гази моеъ аз Қазоқистон то 40 дар сад кам шуда буд. Вале баъдтар ширкати қазоқӣ ба "Фароз" иттилоъ додааст, ки то охири моҳи июн гази моеъ содир нахоҳад шуд. Ба ҳамин далел нархи гази моеъ дар Тоҷикистон боло рафт.

"Рабт додани болоравии нархи гази моеъ ба ширкати "Фароз" хулосабардориҳои беасос ва суханони иғвоомезу бардурӯғ мебошад. Сабаби асосии болоравии нархи газ коҳиши фурӯши он аз ҷониби ширкати "СНПС-Актобемунайгаз"-и  Қазоқистон аст, на ширкати "Фароз", — афзудааст ширкат.

"Фароз" таъкид кардааст, ки дар ҳоли ҳозир бо ширкатҳои Русия дар бораи харидорӣ ва содироти гази моеъ ба Тоҷикистон гуфтушунид доранд.

Ширкати "Фароз" яке аз ширкатҳои асоаӣ дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ширкати дар изҳороташ бори дигар таъкид кардааст, ки бидуни таҳлилу далелҳои ҷойдошта ва дарки ҳолати воқеӣ, масъалаи мазкурро баҳогузорӣ накунанд.

Ахиран дар Тоҷикистон дар байни 10 рӯз нархи гази моеъ наздик ба 50 дарсад боло рафта, дар Душанбе ба 4,70 сомонӣ ва дар вилояти Хатлон ба 5 сомонӣ расида буд.

Барчаспҳо:
гази моеъ, Фароз, газ, изҳорот, душанбе, нарх, ширкат, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ