22:33 19 июли 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.96
  • RUB0.15
санҷиши пилла

Барои пардохти қарз: ширкати "Пиллаи тоҷик" фурӯхта мешавад

© Sputnik/ Всеволод Тарасевич
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
80 0 0

Ширкати "Пиллаи тоҷик"-ро барои рӯйпӯш кардани қарз аз андоз ва аз кормандон ба фурӯш гузоштаанд

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон бораи фурӯши бастаи саҳмияҳои ширкати "Пиллаи тоҷик" музояда эълом кардааст.

Маблағи муқаддамотӣ барои хариди ин ширкат 4,9 миллион сомонӣ муқаррар гардидааст.

"Арзиши ибтидоии 42 540 адад саҳмияҳои ҷамъият, ки тибқи лоиҳаи инфиродӣ хусусӣ гардонида мешаванд, ба маблағи 4 млн. 911 ҳазор сомонӣ муқаррар мегардад",- таъкид кардааст манбаъ.

Соҳиби нави ширкати "Пиллаи тоҷик" муваззаф аст, ки давоми се сол  ширкатробозсозӣ карда, кори онро мунтазам ба роҳ монад, ҳамчуннин дар муддати як сол 15,7 млион сомонӣ қарзи ин ширкатро пардохт намояд.

"Қарзи умумии  ҷамъият 15 млн. 748 ҳазору 760 сомонӣ баробар мебошад, ки аз ин ҳисоб қарзи музди меҳнат 482 ҳазору 663 сомонӣ, қарз дар назди Вазорати молияи Тоҷикистон 373 ҳазору 285 сомонӣ, андозҳои давлатӣ 5 млн. 993 ҳазору 800 сомонӣ, қарз дар назди Бонки миллии Тоҷикистон 8 ҳазору 500 сомонӣ, қарзҳо дар назди молрасонҳо ва пудратчиён 2 млн. 596 ҳазору 529 сомонӣ ва қарзҳо дар назди дигар субъектҳои хоҷагидор 6 млн. 293 ҳазору 983 сомониро ташкил медиҳанд", — тавзеҳ дод манбаъ.

Тендер 25 июл, соати 10.00 дар  шаҳри Душанбе, кӯчаи Шотемур-27 баргузор мегардад. Дар тендер шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ҷумҳурӣ ва берунмарзӣ иштирок карда метавонанд.

Барчаспҳо:
пилла, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, қарз, фурӯш, тендер, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ