12:38 21 сентябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR11.09
  • RUB0.14
Водопроводный кран, архивное фото

Бонки аврупоӣ барои таъмини Хуҷанд бо об 3,5 млн доллар дод

© Sputnik / Максим Богодвид
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
44 0 0

БТРА барномаи беҳтар намудани обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд 3,5 млн. доллар маблағи грантӣ ҷудо намудааст

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Бонки таҷдид ва рушди Аврупо барои барномаи беҳтаргардонии обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд 3,5 млн доллар ҷудо кард.

Тибқи иттилои ТоҷикТА дар доираи барномаи обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд 8,8 млн доллар масраф шудааст, ки аз он 5,3 млн доллараш маблағи грантӣ мебошад. Қаблан Тоҷикистон дар доираи ин барнома аз Бонки таҷдид ва рушди Аврупо 1,4 миллион доллар ба даст оварда буд. Дар доираи барномаи мазкур аз ҷумла дар назар аст, ки мушкилоти обтаъминкунӣ дар деҳаи Водник куллан бартараф гардад.

Лозим ба ёдоварист, ки порлумони Тоҷикистон моҳи декабри соли гузашта шартномаи грантиро миёни Тоҷикистону Бонки таҷдид ва рушди Аврупо барои беҳтар намудани обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд тасдиқ намуда буд.

Ахиран Бонки рушди Осиё  низ эълон дошт, ки омода аст дар барнома беҳтар намудани обтаъминкунии шаҳри Душанбе ширкат кунад.

Намояндагони созмони молиявӣ ваъда дода буданд, ки барои роҳандозии барномаи мазкур ба Тоҷикистон 41 млн доллар ҷудо хоҳанд кард.

Ин аввалин барнома будааст, ки барои беҳтар намудани иншооти обтаъминкунӣ ва шабакаҳои фозилоти шаҳри Душанбе равона шудааст. 

Барчаспҳо:
обтаъминкунӣ, БТРА, Хуҷанд, Бонк, об, кӯмак, грант, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ