22:17 19 июли 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.96
  • RUB0.15

Мезюхо дар бораи фоидаи тоҷикон аз “АвруОсиё”, фишори Ғарб ва ҳадафи ҳукумат

Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
140 0 0

Иван Мезюхо мегӯяд, Русия бо фишор давлатеро узви АвруОсиё карданӣ нест, аммо ин иттиҳод ояндадор мебошад

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Иван Мезюхо, сиёсатшиноси рус, дар бораи фоидаи Тоҷикистон аз увзият дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, фишори Ғарб ва далели тасмимгирии тӯлонии мақомоти тоҷик дар ин маврид суҳбат кардааст.

Мезюхо дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт, ки Ғарб тариқи созмонҳои гуногун ба Тоҷикистон фишор меорад, дар ҳоле ки Русия роҳи дигари шарикиро пешниҳод дорад.

Ӯ афзуд, ки давлати Тоҷикистон талош дорад, ки дар сиёсати хориҷияш мувозинатро таъмин намояд.

Сиёсатшиноси рус барои Тоҷикистон зарур хондааст, ки бо имконот дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бештару беҳтар шинос шавад.

“Русия таҳти фишор давлатеро узви АвруОсиё  карданӣ нест, аммо ин иттиҳод ояндадор мебошад. Ҳамоиш дар доираи АвруОсиё ба манфиати миллии Тоҷикистон мебошад ва узвият дар ин иттиҳод боиси беҳбуди вазъи зиндагии мардуми Тоҷикистон мешавад.  Бояд ҳуҷҷату созишномаҳои созмонро беҳтар биомӯзанд”, — тавсия додааст Мезюхо.

Ин дар ҳолест, ки Сергей Ключарев, роҳбари Шӯрои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар Палатаи савдо ва саноати Русия, ахиран зимни намоишгоҳи тиҷории “Суғд – 2018”, узви Иттиҳоди АвруОсиё набудани Тоҷикистонро як монеа дар рушди додугирифти мол миёни кишварҳои минтақа хондааст. Ӯ расмиёту мушкилоти зиёдро зимни вуруд ба минтақаи гумрукӣ зикр кардааст, ки ба гуфтаи ӯ, дар натиҷа бархе молу маҳсулот аз дасти дуюм фурӯхта мешаванд.

Барчаспҳо:
АвруОсиё, соҳаи савдо, боҷи гумрукӣ, Кумитаи гумрук, Хадамоти гумрук

Мавзӯъҳои асосӣ