05:11 21 июли 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.93
  • RUB0.15
Радио Sputnik
© Sputnik / RODION PROCA

Масленников: рубли русӣ харед, қурби доллар болотар мешавад

Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
18110

Никита Масленников роҳбари бахши "молия ва иқтисод"-и Пажӯҳишгоҳи рушди муосир, вазъи бозори асъори Тоҷикистонро тавзеҳ дод

Ахиран дар Тоҷикистон якбора қурби доллар нисбат ба пули миллӣ боло рафт. Бонки миллӣ гуфтааст, ҷаҳиши қурб чанд далел дорад.

Бонки миллӣ сабаби асосии болоравии долларро дар Тоҷикистон ба тавозуни манфии савдо рабт дода буд.

"Аз байн бурдани тавозуни манфӣ зуд сурат намегирад,  бояд солҳо сипарӣ шавад. Инчунин бояд сиёсати иқтисодии муайянро пеш гирифт, то ба содирот такони мусбӣ шавад, таваррум поён равад ва ғайра", — мегӯяд Масленников.

Ба гуфтаи вай, сабаби асоси пурзӯр шудани қурби доллар дар бозорҳои ҷаҳонӣ мебошад. Вай таъкид кард, ки вазъи қурби асъор дар Тоҷикистон бад нест.

Масленников боварӣ дорад, ки моҳи август вазъи қурби доллар дар Тоҷикистон метавонад тағйир ёбад. Вай тавсия дод, ки ба рубли русӣ эътимод кунанд, чун рубл устувортар аст. 

Барчаспҳо:
болоравӣ, қурби асъор, асъор, қурб, доллар, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ