01:28 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
79 0 0

Бо қарори навбатии Бонки миллии Тоҷикистон ташкилоти қарзии нав бо номи “Душанбе Сити” ташкил шуд

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон тибқи қарори навбатии раёсати бонк аз 13 июли соли 2018, ба ташкилоти амонатии қарзии хурди "Душанбе Сити" барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд.

Бонки милли таъкид кардааст, ки иҷозатномаи мазкур ба ташкилоти мазкур ҳуқуқ медиҳад, ки дар фаъолияти худ ба ҷалби амонату пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, додани қарзи хурд, кушодану пешбурди суратҳисобҳои бонкӣ, интиқоли маблағҳои пулӣ ва ғайра машғул шавад.

Ин дар ҳолест, ки ташкилоти навтаъсиси "Душанбе Сити" қаблан ба номи "Авфар" ёд мешуд.

Ба гуфтаи манбаъ бинобар иваз шудани номи ташкилоти қарзӣ " ба "Душанбе Сити" иҷозатномаи "Авфар" барои амалиётҳои бонкӣ аз 4 декабри соли 2013 беэътибор дониста шуд.

 

Барчаспҳо:
Душанбе, навтаъсис, ташкилоти қарзӣ, бонк, Бонки миллӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ