22:26 17 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Корхонаи Фарм Суғд, акс аз бойгонӣ

Бунёди 88 корхона дар Суғд

© Пресс служба президента РТ
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
72 0 0

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба маблағи 4 миллиарду 976,1 млн. сомонӣ расидааст

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Бино ба иттилои Ҳукумати вилояти Суғд, дар шаш моҳи соли ҷорӣ, рушди истеҳсолот шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Исфара, Истиқлол, Конибодом, Айнӣ, Зафаробод, Ашт, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров аз 110 то 159 дар сад расидааст.

Манбаъ таъкид кардааст, ки дар вилояти Суғд тибқи нақша дар соли ҷорӣ 88 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо 1613 ҷойҳои нави корӣ ба истифода дода мешавад.

"Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми шаш моҳи соли 2018 дар миқёси вилоят 47 корхонаву коргоҳҳои нав бо 684 ҷойҳои нави корӣ ба фаъолият шурўъ кард", иттилоъ додааст манбаъ.

Корхонаҳои таъсисдодашуда асосан ба соҳаи саноати истеҳсоли масолеҳи сохтмон, хўрокворӣ ва сабукро дарбар гирифтааст.

 

Барчаспҳо:
корхона, Суғд, корхонаҳои давлатӣ, бунёд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ