09:42 07 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Ҷузвдон, акс аз бойгонӣ

Узбакистон барои хариди моли худ ба Тоҷикистон 100 миллион доллар қарз медиҳад

Sputnik / Владимир Федоренко
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
153 0 0

Узбакистон ба се бонки Тоҷикистон - "Амонатбонк", "Ориёнбонк" ва "Эсхата" 100 миллион доллари амрикоӣ қарз медиҳад

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Дар ин бора Руҳулло Ҳакимзода, раиси бонки давлатии "Амонатбонк" иттилоъ дода, афзуд, ки маблағи мазкур байни бонкҳо тақсим хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Ҳакимзода қарзҳо барои як сол бо 8 фоиз ва барои то се сол бо 9 фоиз пешниҳод мегарданд.

Тибқи созиши ҷонибҳо маблағи мазкур барои соҳибкороне ироа хоҳад шуд, ки ба воридоти бор аз Узбакистон ба Тоҷикистон машғуланд.

Феълан 12 ширкати тоҷикистонӣ барои гирифтани 19,9 миллион доллари ин маблағҳо изҳори ҳавасмандӣ кардаанд.

Инчунин раёсати "Амонатбонк" аз созиш бо Чин хабар дода, афзуд, ки ин кишвар барои рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон 60 миллион юан ҷудо мекунад ва ин маблағ ба ивази то 5 фоиз ба соҳибкорон пешниҳод мегардад.

Барчаспҳо:
соҳибкорон, Амонатбонк, қарз, Узбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ