00:05 09 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.14
  • RUB0.14
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
145 0 0

Бонки миллии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли ҷорӣ захираҳои арзиву тиллои кишварро афзоиш додааст

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода гуфт, дар шаш моҳи соли ҷорӣ Бонки миллӣ захираи тиллову арзро бештар намуд. Ӯ ҳаҷми захираҳои арзу тиллоро муодили ҳаҷми воридот дар 3,3 то 5 моҳ арзёбӣ кард. 

Ба гуфтаи вай тибқи меъёрҳои байналмилалии амнияти озуқаворӣ ҳаҷми арзу тилло бояд ба ҳаҷми 3-моҳаи воридот баробар бошад.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 2 млрд долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 353 млн, ё 20 дарсад зиёд мебошад.

Содироти мол 528,3 млн доллар ва воридот 1,5 млрд долларро ташкил додааст. Дар ҳамин ҳол тавозуни савдои Тоҷикистон манфӣ буда, воридот нисбат ба содирот беш аз 1 млрд доллар зиёд мебошад. 

Барчаспҳо:
захираҳои арзиву тилло, арз, Бонк, БМТ, тилло, захира, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ