17:59 07 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
592 0 0

Ҷамолиддин Нуралиев, ноиби аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва бонкдорони дигари тоҷик бо ҳайати Бонки Мардумии Чин, таҳти роҳбарии Го Cзянвей роҳанадозии ҳамкориҳоро баррасӣ кардаанд

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар мулоқот ба роҳ мондани ҳамкориҳои бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон бо бонкҳои Чин, амалиёти СВОП миёни бонкҳои тиҷоратии ду кишвар бо асъори миллии ҳарду кишвар муҳокима шудааст.

Зимни мулоқот зикр гардидааст, ки байни бархе аз ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон ва як қатор бонкҳои Чин — аз ҷумла Бонки давлатии рушди Чин, Agricultural Bank of China ва China Merchants Bank CO.LTD, аллакай ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда шуда, дар солҳои 2010-2018 тавассути бонкҳои Чин ба муассисаҳои Тоҷикистон 350 миллион доллар қарз дода шуд.

Ҷамолиддин Нуралиев барои таҳким бахшидани ҳамкории низоми бонкии ду кишвар кушодани суратҳисобҳои муросилотии бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар бонкҳои тиҷоратии Чинро пешниҳод кардааст.

"Зеро раванди мазкур, дар оянда барои ба роҳ мондани амалиёти СВОП байни бонкҳои тиҷоратии ду кишвар, аз ҷумла бо асъори миллӣ мусоидат намуда, барои рушди иқтисодиёти ҳам Тоҷикистон ва ҳам Чин аз манфиат холӣ нест", — изҳор доштааст Нуралиев.

Муовини раиси Бонки миллӣ инчунин таъсиси намояндагии бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Синзян ва ё дигар минтақаи Чин пешниҳод кардааст.

"Ифтитоҳи намояндагӣ имкон медиҳад бозори байнибонкӣ пурра омӯхта ва дар асоси он дар қадамҳои минбаъда амалиёти СВОП ва дигар муносибатҳои бонкӣ бо асъори миллии ҳарду кишвар ба роҳ монда шавад", — қайд кардаст Ҷамолиддин Нуралиев.

Го Сзянвей аз пешниҳодҳои Ҷамолиддин Нуралиев истиқбол карда, изҳор доштааст, ки ҳеч монеа дар ин самт вуҷуд надорад.

Дафтари матбуоти Бонки милллӣ афзуд, ки дар мулоқот инчунин роҳбарони "Амонатбонк", "Ориёнбонк", ҶСП "Спитамен Бонк", "Соҳибкорбонк" ва  "Бонки байналмилалии Тоҷикистон" ширкат варзида, барои роҳандозии ҳамкориҳо пешниҳодҳо кардаанд.

Барчаспҳо:
ҳамкории иқтисодӣ, Чин, қарзҳои бонкӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ