20:12 20 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Сиккаҳо, акс аз бойгонӣ

Вазорати молия Чинро калонтарин қарздиҳандаи Тоҷикистон хонд

CC BY 2.0 / Tax Credits / Coins
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
124 0 0

Қарзи берунаи Тоҷикистон то 1 июли соли равон ба 2 милллиарду 893 миллион доллар баробар шудааст. Калонтарин қарздиҳандаи Тоҷикистон "Эксимбонк" -и Чин будааст

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ, иттилоъ додааст, ки қарзи берунаи Тоҷикистон беш аз 2 миллиарду 893 миллион долларро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи вай, нишондоди мазкур ба 38,9 дарсади Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад.

"Тоҷикистон то имрӯз 90,6 миллион доллар қарзи берунаашро пардохт намудааст", — таъкид кард вазири молия.

Инчунин Қаҳҳорзода афзудааст, ки қарздиҳандагони асосии берунаи Тоҷикистон "Эксимбонк"-и Чин мебошад. Тоҷикистон дар назди ин бонк беш аз 1,2 млрд доллар қарз дорад.

Инчунин Тоҷикистон дар назди Бонки ҷаҳонӣ 318 млн. доллар, Бонки рушди Осиё 278 млн. доллар, Бонки исломии рушд112 млн. доллар ва аз фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозорҳои байналмилалӣ ба маблағи 500 млн. доллар қарздор мебошад.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳаҷми буҷаи Тоҷикистон барои соли равон 21 милларду 337 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. 

Барчаспҳо:
қарзи хориҷӣ, Чин, молия, қарз, Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ