08:56 25 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Стакони об, акс аз бойгонӣ

Дахолати раисиҷумҳур: андози об дар Тоҷикистон бозбинӣ мешавад

© Sputnik / Максим Богодвид
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
518 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон масъалаи болоравии андози аксизӣ аз оби ошомиданиро дар ҷаласаи ҳукумат ба миён гузошта, дастур додааст, ки он бозбинӣ шавад

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, бо дастури раисиҷумҳур масъалаи андози аксизӣ аз об бозбинӣ мешавад.

Ӯ тасдиқ кард, ки бар асоси як қарор дар назар буд, ки меъёри аксиз барои об дар дохили кишвар се маротиба афзоиш ёбад.

"Аммо ин қарор ҳоло мавриди амал қарор нагирифтааст, барои он, ки муҳлати мавриди амал қарор гирифтани он нарасидааст", —изҳор дошт раиси Кумитаи андоз.

Ба иттилои Давлатзода гуруҳи кории иборат аз мақомоти рушди иқтисод ва молия масъаларо бозбинӣ мекунанд ва меъёрҳои нави андози аксизӣ барои об дақиқ хоҳанд шуд.

Бар асоси як қарори Ҳукумат, ки моҳи июн ба тасвиб расид, интизор мерафт, ки  андози аксизии як литр оби ошомидании газдору бегаз аз 0,02 ба 0,06 евро  ва андози нӯшокиҳои ширин аз 0,03 ба 0,09 расонда мешавад.

Ҷаҳиши якбораи андози аксизӣ аз оби ошомиданӣ дар шароити гармои шадиди Тоҷикистон норозигии бархе аз сокинонро ба бор овард, чун болоравии аксиз афзоиши нархи оби ошомиданиро дар пай дорад.

Барчаспҳо:
бозбинӣ, норозигии раисиҷумҳур, андози об, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ