Ҷойгузини доллар: вазири тоҷик хостори тиҷорат бо рубли русӣ шуд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаМинистр экономического развития и торговли Таджикистана Негматулло Хикматуллозода, архивное фото
Министр экономического развития и торговли Таджикистана Негматулло Хикматуллозода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хостори додугирифти мол бо Русия ба воситаи рубли русӣ шуд

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Ҳикматуллозода дар суҳбат бо РИА Новости, Русияро шарики калидии тиҷории Тоҷикистон хонда, зикр намудааст, ки 20 дарсади тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба Русия рост меояд.

Бо таъкиди саҳми бузурги Русия дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон, Ҳикматуллоҳзода изҳор доштааст, агар ҳисоббаробаркуниҳо миёни ду кишвар бо рубли русӣ роҳандозӣ шавад, ба фоидаи кор мебошад. Вазири тоҷик муътақид аст, ки ҳисоббаробаркуниҳо бо рубли русӣ таҳдидҳо аз тағйири қурби асъори дигарро  коҳиш хоҳад дод.

Рахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Оғози 185 парванда барои додугирифти ғайриқонунӣ бо доллар

Ба гуфтаи вазири рушди иқтисод 32 дарсади воридот ва 3 дарсади содироти Тоҷикистон ба Русия рост меояд.

Ӯ изҳор доштааст, ки тайи нимсолаи аввал тиҷорати Тоҷикистон бо Русия 6,6 дарсад афзуда, ба 469,5 миллион доллар расид.

"Аз ин 448 миллион доллар воридот ва 21 миллионро содирот ташкил медиҳад. Аз Русия асосан маҳсулоти нафтӣ-30,6%, чӯбу тахта-11,4%, металҳои сиёҳ-9%, маҳсулоти кимиёвӣ-8%, чарбу ва равғанҳои растанӣ-5,1%, маводи шустушӯӣ-1,4 фоиз мебошад. Тоҷикистон ба Русия асосан пахта-75,8%, маҳсулоти хоҷагии қишлоқ-6,3% ва либосворӣ-5,3% содир мекунад", —иттилоъ додааст Ҳикматуллозода.

Дар мавриди шомилшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди АвруОсиё, Ҳикматуллоҳзода изҳор доштааст, ки феълан таҷрибаи Қирғизистону Арманистонро меомӯзанд, ки то куҷо иқтисоди нисбатан хурди ин кишварҳо бо иқтисоди нисбатан бузурги Русия, Қазоқистон ва Белорусия бархӯрд доранд. Инчунин таҳқиқ мекунанд, ки оё бахши соҳибкории Тоҷикистон барои рақобат бо ҳамтоён аз Русия, Қазоқистон ва Белорусия тобовар хоҳад буд, ё на. Омӯзиши ин масоил идома дорад, изҳор доштааст, вазир.

Лентаи хабарҳо
0