23:01 05 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Бинои Амонатбонк, акс аз бойгонӣ

"Амонатбонк" аз "Узпромстройбонк" 10 миллион доллар қарз гирифт

© Sputnik Амир Исаев
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
15910

Дар доираи сафари расмии расиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Узбакистон, бонки давлатии “Амонатбонк” бо “Узпромстройбонк” шартномаи ҳамкорӣ имзо намуданд

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Зимни форуми тиҷоратие, ки 17 август дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, роҳбарияти "Амонатбонк" ва "Узпромстройбонк" ба 10 миллион доллар шартномаи ҳамкорӣ  ба имзо расонданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти бонки "Узпромстройбонк".

"Мақсади асосии шартномаи мазкур, пешниҳоди қарз ба "Амонатбонк" барои маблағгузорӣ соҳибкорон ва пешбурди молу колои содиршудаи Узбакистон дар Тоҷикистон мебошад", — таъкид кардааст манбаъ.

Инчунин, зимни мулоқоти роҳбарони бонкҳои Тоҷикистону Узбакистон тасмим гирифтанд, ки ҳамкориҳоро дар соҳаҳои маблағгузории дарозмӯҳлат, ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ, клиринг ва дигар воситаҳои ҳисоббаробаркунӣ васеътар намоянд.

Манбаъ ёдрас кардааст, ки қаблан "Узпромстройбонк" дар доираи сафари раисҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон, чунин як шартнома бо "Ориёнбонк"-и Тоҷикистон ба маблағи 5 миллион доллар баста буд.

Бино ба иттилои манба, дар ҳоли ҳозир татбиқи шартномаи мазкур алакай шурӯъ шудааст.

Барчаспҳо:
Бонк, Амонатбонк, Узбакистон, шартнома, ҳамкорӣ, Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ