17:06 26 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Табиати Помир, акс аз бойгонӣ

Нахустин лоиҳаи калони Чин дар Мурғоб: нуқраи Аличур истихроҷ мешавад

© Фото : Из личного архива Х.Ишанхановой
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
60410

Чин дар ноҳияи Мурғоби Тоҷикистон нахустин корхонаи калони истихроҷу коркарди маъдани куҳӣ, аз ҷумла нуқраро бунёд мекунад

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Тибқи иттилоияи расмӣ, корхона дар  ҷамоати Аличури ноҳияи Мурғоб аз ҷониби ширкати чинии "С.А-Минерализ" бунёд мегардад.

Шодихон Ҷамшед, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, зимни баррасии бунёди ин корхона бо Чиан Лиан, мудири дафтари тоҷикистонии  "С.А-Минерализ"  изҳор доштааст, ки ин нахустин лоиҳаи калон дар минтақа мебошад.

"Корхонаи коркарди кони нуқраи Оқҷилгаи минтақаи Бозордараи  водии Аличур яке аз нахустин иншооти истеҳсолии вилоят дар соҳаи саноати куҳӣ мебошад, ки  дар оянда ба  иктишоф, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ  заминаи боэътимод мегузорад. Баъди пурра ба кор андохтани ин корхона  садҳо нафар ҷавонони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шуда, шумораи бекорон ба маротиб коҳиш меёбад", —изҳор доштааст Шодихон Ҷамшед.

Созиш шудааст, ки  иктишофу  нақбканиро мутхассисони Саридораи  геология якҷоя бо намояндагони ширкати "С.А.-Минирализ" анҷом  медиҳанд.

Дар назар аст,  корхонаи маъдантозакунии кони нуқраи Оқҷилга аз  се  коргоҳи алоҳида, аз ҷумла коргоҳи  сангрезакунӣ  тариқи тасмачарх,   коргоҳи табдили санг ба хока ва дар ниҳоят коргоҳи  коркарди унсурҳои асосии нуқра иборат хоҳад буд. Иқтидори корхона коркарди 300 тонна маъданро дар як шабонарӯз ташкил хоҳад дод.

Барчаспҳо:
Мурғоб, Чин, куҳҳо, истихроҷ, нуқра, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ