21:30 17 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Сомонӣ ва рубл, акс аз бойгонӣ

Коршинос дар бораи додугирифти Русия ва ИДМ бо пули миллӣ

© Sputnik
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
133 0 0

Олег Кузмин, иқтисодчии асосии "Ренессанс Капитал", мегӯяд, додугирифти Русия ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо пули миллӣ, раванди зуд татбиқшаванда нест, вале ояндадор мебошад

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Дар оянда Русия метавонад додугирифташро бо ИДМ ба воситаи асъори миллӣ ба роҳ монад, гуфт ба хабаргузории РИА Новости, иқтисодчии асосии "Ренессанс Капитал" дар Русия ва ИДМ, Олег Кузмин.

Ба ақидаи ӯ,  солҳои наздик дар Русия ба ҷои доллар, додугирифт ба воситаи асъори миллӣ ва евро ба роҳ монда мешавад.

"Шарикони Русия  зимни додугирифт бо асъори миллӣ дар марҳилаи аввал метавонанд кишварҳои ИДМ бошанд. Русия ҳатто бо баъзе давлатҳои иттиҳод чунин ҳамкориҳоро дошт.  Дар оянда шояд бо дигар давлатҳои тараққикарда низ чунин ҳамкориҳоро ба роҳ монад. Аммо барои он ки ин иқдом ҳаматарафа дастгирӣ ёбад, албатта байни бонкҳои марказии кишварҳо созишнома лозим аст", — гуфт коршинос.

Мувофиқи пешгӯиҳои Кузмин ин як ҷараёни ояндадор аст, аммо татбиқи зуди онро набояд интизор шуд.

Инчунин вай тахмин мекунад, ки додугирифти Русия бо асъори миллӣ фоидаовар аст, махсусан  бо он кишварҳое додугирифти молу колои дуҷонибаро роҳандозӣ кардаанд.  

Коршинос зикр кард, ки феълан Русия барои роҳандозии ҳисобаробаркуниҳо бо кишварҳои дигари хориҷӣ, аз Амрикои Лотинӣ то Африқо ва Осиёро фаъолона ба роҳ мондааст.

Барчаспҳо:
рубл ба ҷои доллар, савдо, пули миллӣ, Русия-Тоҷикистон-ИДМ

Мавзӯъҳои асосӣ