10:11 16 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.66
  • RUB0.14
Консерт, акс аз бойгонӣ

Андозгурезӣ дар "шоу-бизнес": аз раққосаҳои Душанбе то сарояндаҳои Данғараю Бадахшон

CC0 / Pixabay / StockSnap
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
56801

Мақомоти андози Тоҷикистон аз саркашии бархе аз санъаткорон ва сабти ном нашуданашон дар идораи андоз изҳори нигаронӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Кумитаи андози Тоҷикистон ба ҳолати 1 августи соли 2018 дар кишвар 1825 нафарро ба қайд гирифтааст, ки ба  сарояндагӣ, навозандагӣ, раққосӣ ва дигар хизматрасониҳои бахши мусиқӣ машғул мебошанд

Собир Исоев, сардори шуъбаи ташкили андозбандии кумита ба рӯзномаи давлатии "Ҷумҳурият" иттилоъ додааст, ки тайи 7 моҳи соли равон зиёда аз 300 санъаткорро барои фаъолияти бидуни қайд дар мақомоти андоз, 252,2 ҳазор сомонӣ ҷарима бастаанд.

Ба гуфтаи Исоев, аксари роҳбарони ошхона, тарабхона, қаҳвахона ва марказҳои дилхушии ҳудуди шаҳри Душанбе сарояндагон, мутрибон ва раққосаҳоро бидуни бастани шартнома ва бе қайд дар мақомоти андоз шабона ба кор ҷалб мекунанд.

Ӯ ҳаққи хизмати сарояндаҳоро дар тарабхона ва марказҳои дилхушӣ барои ҳар як рӯзи корӣ 100 — 200 сомонӣ ва барои навозанда, баранда ва раққоса 70 — 100 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Тибқи иттилои маркази матбуоти Кумитаи андоз, дар тарабхонаи "Помир Лабиринт" ҳангоми гузарондани санҷиш 5 сароянда, 3 навозанда ва 10 раққоса ба фаъолият машғул буданд. Аз шумораи умумии ҳунармандон 11 нафар тибқи шартномаи меҳнатӣ ба расмият дароварда шуда, андозҳои онҳо аз ҷониби корфармо пардохт мешаванд. Аммо 3 сароянда ва 4 раққоса бе қайд дар мақомоти андоз ба фаъолият машғул будаанд.

Манбаъ афзудааст, ки дар натиҷа нисбати сароянда — роҳбари гурӯҳи эстрадии "Гулшан",  Бахтиёр Иброҳимов барои фаъолияти бе қайд дар мақомоти андоз ба маблағи 1500 сомонӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд. Кумита таъкид кардааст, ки сароянда Бахтиёр Иброҳимов фаъолияти соҳибкории худро аз рӯи патент 30 декабри соли 2017 қатъ намудааст, аммо ҳар шомгоҳ дар тарабхонаи мазкур ҳунарнамоӣ намуда, даромади муайян ба даст меорад.

Сарояндаю раққосаҳои дигари тарабхона барои фаъолияти бидуни қайд ба маблағи 7500 сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд.

Кумитаи андози Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки чунин камбудиҳои марбут ба ҷалби санъаткорон дар тарабхонаҳои "Дидор",  "Шаҳрисабз", "Осмон", "Яккачинор", "Миленниум", "Сурхоб", "Арбат", "Ҷавонӣ", "Бухоро", "Шарбат", "9 ВАЛ", "Шен Гентсвале" ва "Перевал охотника" ошкор шуда, гунаҳкорон  ба маблағи зиёда аз 130 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд.

Нашрияи Кумитаи андоз, "Боҷу хироҷ" зимни баррасии саркашии санъаткорон аз пардохти андоз иттилоъ додааст, ки дар бархе навоҳӣ санъаткорон хеле кам дар идораи андоз ба қайд гирифта шудаанд.

Манбаъ аз ҷумла шаҳру навоҳии Шаҳринав, Варзоб, Файзобод, Тоҷикобод, Сангвор, Восеъ, Нуробод, Данғара, Балҷувон, Ховалинг, Абдураҳмони Ҷомӣ, Бохтар, Хуросон, Хоруғ, Дарвоз, Ванҷ, Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим ва Шаҳристонро ном бурдааст, ки дар онҳо шумораи хеле ками ҳунармандон ба қайди мақомоти андоз гирифта шудаанд.

Дар идома масъулин таъкид кардаанд, ки дар ин шаҳру навоҳӣ ҳар ҳафта тӯю маъракаҳои зиёд гузаронда мешаванд, ки дар он асосан санъаткорони маҳаллӣ ҳунарнамоӣ мекунанд.

Барчаспҳо:
раққоса, санъат, патент, андоз, овозхон, ҷарима, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ