Барои додани иттилои нодуруст: Бонки миллӣ фаъолияти 3 ширкатро мамнуъ кард

© Фото : Пресс-служба президента ТаджикистанаНациональный банк Таджикистана
Национальный банк Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон бархе аз ширкатҳои аудитории кишварро дар пешниҳоди иттилои нодуруст гунаҳкор хонда, аз ҳаққи фаъолият маҳрум намудааст

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, ширкатҳои “Аудитории Ш.Адолат” ва “БМҶ Аудит” моҳи сентябри соли равон ва “Грант Торнтон” соли 2017 аз ҳаққи фаъолияти аудиторӣ маҳрум гардиданд.

Бонки миллии Тоҷикистон мақсади ин иқдомро таъмини суботи низоми бонкӣ ва ҳимояи манфиати пасандоздорону қарздеҳон хондааст.

Ин ниҳод таъкид намудааст, ки ширкатҳои мазкур хулосаи аудитории носаҳеҳ пешниҳод карда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва меъёрҳои байналмилалии ҳисоботи молиявиро ҳангоми гузаронидани аудити ташкилотҳои қарзӣ барои соли 2017 риоя накардаанд.

Лентаи хабарҳо
0