Аз парвариши занбӯр то ангур: Раҳмон ва Додон чиро баррасӣ карданд?

© Sputnik / Мирослав РотарьПрезидент Республики Молдовы Игорь Додон
Президент Республики Молдовы Игорь Додон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо Игор Додон, президенти Молдова вазъи феълии ҳамкорӣ ва дурнамои онро мавриди баррасӣ қарор дод

ДУШАНБЕ, 27 сен - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҷонибҳо аз мавқеи ҳамсони давлатҳо дар ҳалли як қатор мушкилоти минтақавию байналхалқӣ изҳори қаноат карда, барои таҳкими ҳамкорӣ, ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Молдоваро оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ зарур шумурданд.

“Ба роҳ мондани равобити дуҷониба дар самти содироту воридоти маҳсулоти хоҷагии кишлоқ, аз ҷумла содироти меваи хушк ва асал ба Молдова, ҳамкорӣ дар бахши чорводорӣ, бойторӣ, растанипарварӣ ва занбури асалпарварӣ, табодули таҷрибаи кишвари дӯст оид ба парвариши ангур, истифодаи технологияи муосир аз самтҳои муҳим маънидод карда шуд”, - иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Манбаъ афзуд, ки ҷонибҳо ҳамзамон ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф ва дигар бахшҳои барои мардумон судманд, омодагии худро иброз доштанд.

Игор Додон барои иштирок дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИДМ феълан дар Душанбе қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0