Суоли “мушкил”-и Саидҷаъфар Усмонзода дар маҷлис: ноиби вазир “штрихкод”-ро надонист

Обуна шудан
Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумон ва роҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон имрӯз аз роҳбарони Вазорати рушди иқтисод ва савдо “штрихкод”-и кишварро пурсид

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Усмонзода зимни баррасии қонун “Дар бораи ихтироъ” дар Маҷлиси намонядагон аз роҳбарони Вазорати рушди иқтисод ва савдо суол кард, ки оё Тоҷикистон “штрихкод” дорад ва он чанд аст.

Илёсиддин Камолиддинзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар посух гуфт,  ки “штрихкод” ба масъалаи патенту иттилоот марбут набуда, ба Палатаи савдо дахл дорад.

График роста - Sputnik Тоҷикистон
Савдои хориҷии Тоҷикистон ба 1 миллиарду 700 миллион доллар расид

“Вале маълумот надорам, ки штрихкод дорем ё не”, - изҳор дошт ноиби вазир.

Шариф Раҳимзода, собиқ вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва феълан вакили парлумон гуфт, “штрихкод” дорем ва   рақами умумии Тоҷикистон 488 ҳаст.

Ҷамшед Ҷумъахонзода, директори муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти назди Вазорати рушди иқтисод гуфт, “штрихкод” ба ваколати Палатаи савдо дахл дорад.

“Ҳама ширкатҳое ки маҳсулоташон ба содирот нигаронида шудааст, штрихкод мегиранд. Аз рӯи иттилооте, ки мо дорем ҳама ширкатҳои ватанӣ, ки  ба содироти мол кор мегиранд, штрихкод доранд”, - изҳор дошт Ҷумъахонзода.

Парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйирот, аз ҷумла иловаҳои имлоиро ба як қатор қонунро ба тасвиб расонд.

Лентаи хабарҳо
0