Шаропов барои долларфурӯшӣ 36 500 сомонӣ ҷаримабандӣ шуд

© SputnikДеньги, архивное фото
Деньги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи шаҳри Ҳисор шаҳрванд Шаропов Дилшодро барои муомилоти ғайриқонунӣ бо доллар ба андозаи 36 ҳазору 500 сомонӣ ҷаримабандӣ кард

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Додгоҳ Шароповро дар он гунаҳкор донистааст, бе иҷозатномаи Бонки миллӣ дар назди бинои “Агроинвестбонк” дар шаҳри Ҳисор ба фурӯши доллар машғул будааст.

Деньги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳар тоҷикистонӣ 320 доллар қарздор: қарзи хориҷӣ ба ҳадди хатардор наздик расид

Тибқи иттилои додситонӣ, аз ҷумла  субҳи 29 майи соли равон Шаропов Дилшод дар назди филиали ҶСК “Агроинвестбонк”-и Ҳисор 10 ҳазору 100 долларро бо қурби  9,28 сомонӣ, ба маблағи умумии 93 ҳазору 728 сомонӣ фурӯхта, амалиёти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷиро анҷом додааст.

Додситонӣ афзуд, ки дар пайи чорабиниҳои фаврӣ – тафтишотӣ, Шаропов дастгир шуда, маблағи зикршуда аз гирифта шуд.

Додгоҳи Ҳисор Шароповро дар муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ гунаҳкор дониста,  ба андозаи 730 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, муодили  36 ҳазору 500 сомонӣ ҷаримабандӣ кардааст.

Лентаи хабарҳо
0