14:33 14 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.60
  • RUB0.14
Встреча китайской делегации из провинции Юньнань с председателем ведомства Таджикистана Шарифом Саидом

Чин корхонаҳои бузурги Тоҷикистонро сармоягузорӣ мекунад

© Пресс-центр ТПП Таджикистана
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
276 0 0

Дар ҳоли ҳозир Чин дар амалисозии беш аз 50 лоиҳаҳои сармоягузории фарогири як қатор соҳаҳои афзалиятноки иқтисод ва иншооти зербинои Тоҷикистон иштирок дорад

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Чин тасмим гирифтааст ба корхонаҳои бузурги саноатии Тоҷикистон сармоягузорӣ намояд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Палатаи савдои Тоҷикистон Тоҷикистон.

“Мо ният дорем, ки ба Тоҷикистон сармоягузорӣ карда, дар ин ҷо корхонаҳои бузург бо силсилаи мукаммали технологияҳо ва таҷҳизоти чинӣ бунёд созем”, - таъкид намудааст Ян Хонбо, директори ширкат оид ба рушд ва ислоҳоти музофоти Юннан.

Вай инчунин афзудааст, ки айни замон ширкатҳои Чин ба бахшҳои гидроэнергетика, истеҳсоли маҳсулоти пӯлодрезӣ, металлҳои рангаву сиёҳ, зерсохтори сайёҳӣ, соҳаи агросаноатӣ ва парваришу истеҳсоли тамоку сармоягузорӣ мекунанд.

Бино бар иттилои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир беш аз 70 корхона бо сармояи Чин дар Тоҷикистон фаъолият дошта, ҳамчунин боз зиёда аз 200 ширкатҳои чинӣ дар ҷумҳурӣ ҳузур доранд.

Инчунин, Чин дар амалисозии беш аз 50 лоиҳаҳои сармоягузории фарогири як қатор соҳаҳои афзалиятноки иқтисод ва иншооти зербинои Тоҷикистон иштирок дорад.

Тибқи маълумоти расмӣ, ҳаҷми умумии сармоягузории мустақими Чин ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 1 млрд. долларро ташкил медиҳад.

Соли гузашта ҳаҷми муомилоти молу коло миёни Тоҷикистону Чин наздик ба  600 миллион  долларро ташкил дода, тӯли 8 моҳи соли ҷорӣ – қариб ба 434 миллион доллар расид.

Дар ҳамин ҳол, қарзи Тоҷикистон дар назди Чин зиёда аз 1,2 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки беш аз 40 дарсади ҳаҷми умумии қарзи берунаи Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Барчаспҳо:
сохтмон, қарз, хурдасармоягузорӣ, корхона, ҳамкорӣ, Чин, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ